Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард.

Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд. Дар ин бора дар иттилоияи расмии Прокуратураи генералӣ гуфта мешавад.

Манбаъ менависад, ки ин ниҳод муроҷиати шаҳрванд Зулфия Алимоваро оиди бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба Муассисаи давлатии “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе (Қарияи боло) бистарӣ шудани духтараш Мамаҷонова Мадина, ки тавассути ВАО ба президент, раиси Маҷлиси миллӣ ва прокурори генералии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор додааст.

(аз чап ба рост): Азиза Давлатова, Мадина Мамадҷонова, Лутфулло (Парвиз) Давлатов
Сурат: коллаж

Дар иттилоия гуфта мешавад маводи қаблан санҷидашуда аз воҳиди тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда, омӯхта, ба пешбурди Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қабул шудааст.

“Дар натиҷа, нисбати Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3 моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (сӯиқасди одамкушӣ) ва шавҳараш Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2 моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд, Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад”,- омадааст дар иттилоияи прокуратура.

Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар робита ба қазияи Мадина Мамаҷонова бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласаи махсус гузаронида, аз онҳо хостори тафтиши пурра ва мунсифонаии парванда шуда буд.

Прокурори шаҳр ба Рустами Эмомалӣ гузориш дода буд, ки нисбати Давлатова Азиза ва Давлатов Лутфулло парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дастгир карда шудаанд.

Аз ин пештар Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта буд ва бо дастури ӯ ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда буд.

Пеш аз ин фаъолон ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори таҳти назорати худ гирифтани парвандаи Мадина шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Гумонбаршуда дар ин парванда Давлатова Азиза ҳамсари қонунии марде мебошад, ки Мадина бо ӯ мулоқот кардааст.

Ахиран фаъолон ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори таҳти назорати худ гирифтани парвандаи Мадина шуданд.