Аз марти соли нав фаъолияти чанд бозори калонтарини шаҳри Душанбе, аз қабили бозорҳои маъруфи “Султони Кабир” ва “Осиё” боздошта шуда бинои онҳо тахриб мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Қарори дахлдор имрӯз 24-уми ноябри соли 2021 ба имзо расида то 1-уми март ин бозорҳо бояд холӣ карда шаванд.
«Мувофиқи қарор фаъолияти бозор, нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонии ҶДММ «Султони Кабир», «Файзи Саид»-«Осиё» ва гирду атрофи он дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маркази савдои «Мадад» воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино аз 1 марти соли 2022 боз дошташуда, минбаъд бо тартиби муқарраргардида фаъолияти соҳибкорон дар дигар маҳал ҷойгир карда мешаванд», - гуфтанд дар шаҳрдории Душанбе.
Дар ин бозорҳо бештар масолеҳи сохтмонӣ, ашёи рӯзгор, мебел ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳо фурӯхта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷойи онҳо шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум сохта мешаванд.
«Ин иқдом бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Абайи ноҳияи Фирдавсӣ ва Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо ва танзими давлатии савдо рӯйи даст гирифта шудааст”, - афзуд манбаъ.
Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, ки сохтмони шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд ва ҳадаф таъмини шароити мусоид ба сокинони пойтахт аст.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2020 бо қарори шаҳрдорӣ бозори махсуси масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам” дар шаҳри Душанбе тахриб шуда буд. Дар ҷойи бозор сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна ва меҳмонхона оғоз шудааст. Соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба қаламрави маҷмааи нави савдои “Кӯшониён”, ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчонида шуданд. Эҳтимол меравад соҳибкорони бозорҳои Султони Кабир» ва «Файзи Саид»-«Осиё» низ ба маҷмааи савдои “Кӯшониён” кӯчонида шаванд.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста