Ҳокими Азиз рӯзноманигори варзидаи телевизион ва радиои Тоҷикистон баъд аз як бемории тӯлонӣ дар синни 61-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

Даргузашти ин рӯзноманигори маъруф рӯзи якшанбеи  9-уми январ дар шаҳри Душанбе иттифоқ афтод, ки дирӯз ҷасади ӯ ба хок супурда шуд.

Ҳокими Азиз аз рӯзноманигорони маъруф охири солҳои 90 ва ибтидои 2000-уми радиову телевизиони тоҷик буд.
Хусусан барномаи "Суҳбати мардона"-аш  дар Телевизиони Тоҷикистон (1997-2000) бо шахсиятҳои бузурги фарҳангиву сиёсӣ ва илмӣ хеле маъруф буд ва бинандаи бешумор дошт.

Ин рӯзноманигори фақид, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва  аз соли 1986 дар Радиои Тоҷикистон фаъолиятро шурўъ карда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драммавӣ  кор кардааст. Бештар аз 30 шумораи силсилагуфтори «Дар суҳбати адиб» - и ин рӯзноманигори варзида  дар «Хазинаи тиллоӣ» - и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Солҳои 1997- 2005 дар Телевизиони тоҷикистон  ба унвони муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ кор кардааст.

Фаъолияти минбаъдаи ин рӯзноманигори варзида дар матбуоти даврӣ ва мақомоти давлатӣ сипарӣ шуд. Муддате дар чанд нашрияи Вазорати маорифи икшвар кор мекард, муаллифи чандин китобҳо аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад. Осори насрие ҳам дар заминаи ҳикояву қиссаҳо ва повестҳо менавишт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.