Дар Осорхонаи фановарии шаҳри Хюстони Штати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзҳои 8-16-уми январи соли ҷорӣ дуюмин Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ – COPERNICUS аз фанҳои физика ва астрономия бо иштироки 2000 довталаб бо намояндагӣ аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати маорифи ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад, хонандагони тоҷик дар қатори хонандагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Италия, Амрико, Бразилия, Чин, Федератсияи Россия, Аргентина, Канада, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Африқои Ҷанубӣ, Миср, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра аввалин маротиба дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
“9 нафар хонандаи Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе дар ин олимпиада аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, - омадааст дар хабари Вазорат. - Аз ҷумла, Маъруф Исомиддинов - хонандаи синфи 8 ва Томирис Миралибекова - хонандаи синфи 5 соҳиби ҷойи 2, Бенёмин Зуҳурзода - хонандаи синфи 6, Салман Саминов - хонандаи синфи 5, Юсуф Салимзода - хонандаи синфи 5, Абдуҷамил Холиқов - хонандаи синфи 5, Умар Ҳафизов - хонандаи синфи 8, Бибиоиша Қодирова - хонандаи синфи 7 ва Мирзоқобил Бадиев - хонандаи синфи 8 соҳиби ҷойи 3 мебошанд”.
Гуфта мешавад, ҳамзамон, 6 нафар хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи мазкур иштирок намуда, як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварданд, ки инҳо Фаррухи Шералӣ – хонандаи синфи 8, ҷойи дуюм аз фанни табиатшиносӣ, Амир Абдуллозода – хонандаи синфи 9, ҷойи сеюм аз фанни физика, Меҳрангез Абдуллоева – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Ардашерхоҷа Ботурхоҷаев – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Шараф Муқумов – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ ва Акрамхоҷа Мамуров – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатштносӣ мебошанд.
Зикр мегардад, ки ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи мазкурро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати маориф ва илм, шаҳрдории Душанбе ва ҳукумати вилояти Суғд, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол намуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста