Рӯзи 27 январ дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар як шабонарӯз 23 нафар шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 январ дар кишвар ҳодисаҳои нави сироятёбиро эълон кард, ки шумори расмии гирифторшудагон ба COVID-19 дар чанд рӯз аллакай 170 нафарро ташкил медиҳад.
Дар сомонаи вазорат қайд карда мешавад, ки дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то имрӯз дар Тоҷикистон шумораи гирифторони ин беморӣ 17265 нафарро ташкил дода, шумори умумии шифоёфтагон 1746 нафарро (98,7%) ташкил медиҳад.
То ин дам, теъдоди расмии фавтидагон моҳҳои зиёд бетағйир монда, 124 нафарро ташкил медиҳад.
Дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар асоси тадқиқоти илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронии аҳолӣ мебошад", - омадааст дар хабар.
Ҳоло дар кишвар маъракаи эмкунии аҳолии аз синни 18 сола боло бар зидди коронавирус идома дорад.
То 20 январи соли 2022 дар Тоҷикистон 4 миллиону 312 ҳазору 774 нафар ваксинаҳои зидди коронавирус гирифтаанд. Дар маҷмӯъ, 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафарро эм кардан лозим аст.
Иммунизатсияи зидди COVID-19 дар кишвар бо 5 намуди ваксина амалӣ карда мешавад: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста