Ҳукуматдорони ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомии вилояти Хатлон гуфтаанд, ки то поёни моҳи март яке аз мактабҳои ин ноҳияро ба ифтихори Сунатулло Маҳмадов, сарбози зодаи ин ноҳия, ки 10-уми март аз сӯйи марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳи Исфара кушта шуд, номгузорӣ мекунанд.
Сафар Раҳимзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хабарнигори Pressa.tj гуфтааст, ки то поёни моҳи март, мактаби миёнаи № 3 деҳаи Араларо ба ифтихори Маҳмадов мегузоранд.
Аз ин пештар, баъди расонаӣ шудани марги Сушатулло Маҳмадов дар тирпаронӣ аз сӯй неруҳои марзбонии Қирғизистон, бархе аз фаъолону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда буданд, ки деҳаи Арал - зодгоҳи Сунатулло ба ифтихори ҷонбозии ӯ дар хатти марзи ватан номгузорӣ шавад.
Раҳимзода гуфтааст, ки “барои эҳтиром ба қаҳрамонии Сунатулло Маҳмадов, сарбози шаҳидшудаи тоҷик мо тасмим гирифтаем, ки муассисаи таълимии рақами 3-и деҳаи Арали ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсовро ба номи ӯ гузорем. Мардонагӣ ва қаҳрамонии ӯро мо мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Ман низ хизмати ҳарбиро дар сарҳад адо кардаам. Сунатуллои далер, ҷасур, нотарсу зиндаёд барои ман ҳамчун марди ҳақиқӣ ва қаҳрамон аст. То умр боқист, ёди ӯ аз хотироти мо фаромӯш намешавад”.
Сунатулло Маҳмадови 21-сола, соли 2019 ин мактабро хатм карда буд, ки 10-уми март дар натиҷаи тирпаронӣ дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, дар марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон аз сӯйи неруҳои марзбонии қирғиз кушта шуд ва ҷасади ӯро рӯзи 11-уми март дар қабристони деҳаи Арал, дар зодгоҳаш ба хок супурданд.
Ин сарбози шаҳидшудаи тоҷик, моҳи апрели соли 2020 ба хидмати ватан рафта буд ва камтар аз як моҳи дигар монда буд, ки хидмати дусолаи сарбозиро адо кунад ба хона баргардад.
Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, 10-уми март дар натиҷаи тирпарронӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи ду кишвар ин сарҳадбони тоҷик кушта шуда буд. Сокинон аз захмӣ шудани ду марзбон ва чанд ғайринизомии дигар ҳам хабар дода буданд.
Он замон як манбаи «Азия-Плюс» аз Исфара гуфта буд, ки «сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон (минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара) гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин қаламравро тарк кунанд. Задухӯрди лафзӣ ба амал омад, сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушоданд, сарҳадбонони мо маҷбур шуданд, ҷавоб диҳанд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷрӯҳ шуданд».
Хабаргузории қирғизии “24.kg” он замон аз қавли Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон навишта буд, ки тирпарронӣ тақрибан 10 дақиқа давом карда, дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.
Бино ба фарзияи марзбонони қирғиз, ки 24.kg, ки бо такя ба Неруҳои марзбонии кишвари худ хабар дода буд, гӯё марзбонони тоҷик дар минтақаи таъинношудаи марзӣ, дар мавзеи Тескейи ноҳияи Бодканд, масири сафари пешинаи худро тағйир дода, ба мавзеи нави марзӣ мегузаранд ва аз сарҳадбонони қирғиз талаб мекунанд, ки мавзеъро тарк кунанд, ки дар натиҷа тирпаронӣ оғоз шудааст.
Бар пайти даргирии рӯзҳои 10-11-уми март дар ин нуқтаи марзӣ, ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзи 12-ми март дар гузаргоҳи марзии Гулистони Исфара бар сари мизи гуфтушунид нишастанд, ки бо имзои як протокол истифодаи силоҳро барои неруҳои марзбонӣ дар марз, ба ҷуз ҳолатҳои махсус манъ карданд.
Ҳамчунин дар ин гуфтушунид тавофуқҳои дигаре ҳам ҳосил шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста