Бархурдҳо ба муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон гуногун аст. Аксаран аз он раванди ҷаҳонӣ ном мебаранд ва аз муҳимияти пули муҳоҷирон ба иқтисодиёти кишвар мегӯянд. Аммо дар бисёр маврид паҳлуҳои дигари муҳоҷирати меҳнатӣ сарфи назар карда мешавад. Мо кӯшиш кардем дар ин филм соярушанҳои дигари муҳоҷиратро нишон диҳем.
Филм таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатиро ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар инъикос карда, ҳамзамон дар бораи вазъи имрӯзаи зиндагии оилаи муҳоҷирон ва сокинони бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маълумот медиҳад.
Ҷомеашинос Ислом Раҳимов аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ намуда мегӯяд, ки ин раванд ба иқтисодиёти миллии мо хавф ҳам дорад:
“Пештар падидаи бо оила рафтан ба Русия набуд, имрӯз мебинем, аксари муҳоҷирон бо аҳли оилаашон ба Русия мераванд. Акнун ин муҳоҷирон ба Тоҷикистон маблағи камтар мефиристанд, чун онҳо кӯшиш мекунад хона харанд, кӯдаконашонро ба мактабу донишгоҳ фаро гиранд ва дар умум зиндагиашонро дар он ҷо пег баранд. Падидаи дигари хатарнокаш шаҳрвандии Русияро гирифтани аксари муҳоҷирон аст”.
Ба андешаи коршинос Неъматулло Мирсаидов дар баробари муҳоҷирони меҳнатӣ ҳарчӣ бештару бештар мутахассисони варзида, ки дар ватан ҷойи кори сазовор намеёбанд, рӯй ба муҳоҷират меоранд:
“Агар мо чуқур ба ин масъала назар андозем, бисёр мутахассисони хуб мераванд. Мутахассисони хубе, ки барои онҳо дар ватан ҷойҳои сазовор нест, яъне “ақл”-ҳо мераванд. Вақте, ки “ақл”-ҳо мераванд, албатта ин таъсири манфӣ ба кишвар аст” - мегӯяд Мирсаидов.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста