Ба ҳунарманди маъруфи тоҷик Гулбаҳор Ғаффорова, ҳаҷвнигор ва собиқ узви гурӯҳи «Хандинкамон», ки дар  барномаи «Ногуфтаҳо» дар канали Орзу Исоев дар бораи надоштани манзили зист қисса карда буд, Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ хона тӯҳфа кардааст.

Дар ин бора худи Гулбаҳор Ғаффорова дар як паёми видеоие, рӯзи 22 июн, ки дар саҳифаи ровии радио Орзу Исоев нашр шуд, хабар додааст.

Ин ҳунарманд, дар навори видеоӣ мегӯяд, ки мушкили бехонагияш баъди 25-сол пушти сар гардид ва худро хушбахтарин шахс мешуморад.

«Ман имрӯз хурсандтарин одам дар рӯи тамоми ҷаҳонам. Чунки мушкили бехонагии ман баъди 25 солу азобу машаққаташ пушти сар шуд».

Гулбаҳор Ғаффорова, инчунин дар навор миннатдории худро ба муҳоҷирон барои дастгириашон мерасонад, ки баъди муроҷиаташ дар ҳисобаш 11 ҳазор сомонӣ ҷамъ шудааст, вале мегӯяд,  ки «ман бо ин пул  хона харида наметавонистам, аз ин рӯ, каме зиқ шудам».

Аммо мегӯяд, баъди як тамоси телефонӣ бо Раҳим Бобоҷонов мушкилаш ҳал гардад. «Раҳими Ғармӣ, ин соҳибкори дар ҳақиқат ободкору ватандӯст, ки дасти кумакаш ба ҳама мерасад, баъди ҳамагӣ як тамоси телефонӣ ба ман гуфт, ки «зиқ нашавед, апаҷон, мушкили шумо ҳал шуд. Шумо алакай соҳиби хона ҳастед! Боварам наомаду гашта пурсидам, ки магар ҳамин хел мешавад? Гуфт, тамом, баъди ду рӯз соҳиби хона мешавед! Ва ҳамин хел ҳам шуд!», - гуфт ҳунарманд.

Бояд гуфт, ки Гулбаҳор дуввумин ҳунарманд аст, ки Раҳими Ғармӣ барояш хона тӯҳфа кард. Чун рӯзи 15 июн Бахтиёр Раҳимов, маъруф ба Ғарибшо, асосгузори студияи «Ғарибшо компания» ҳам хабар дод, ки Раҳими Ғармӣ барои ӯ ба 60 ҳазор доллар хона харидааст.

Дар саҳифаи ровии радио Орзу Исоев қаблан як паёми видеоии ҳунарпеша Бахтиёр Раҳимов низ нашр шуда буд, ки дар он ба се нафар аз хайрхоҳони маъруфи тоҷик Исмоил Муҳаммадзоир, Раҳим Бобоҷонов (Раҳимӣ) ва Маҳмуд Муродов (Ҳоҷӣ Маҳмуд) муроҷиат карда буд.

Ҳунарпеша гуфт, ки 30 сол боз мушкили манзил ва саргардонии манзилҳои иҷораро аз сар мегузаронад.

«Солҳои зиёд тоқат кардам ва ба касе муроҷиат накардам, зеро бовар доштам, ки одамоне ҳастанд, ки ба дастгирии бештар ниёз доранд, вале имрӯз бояд ба шумо муроҷиат кунам», - гуфт ӯ.

Рӯзи дигар ҳунарманд дар саҳифаии Орзу Исоев хабар дод, ки ба таври мӯъҷиза мушкили 30-солааш ҳал шуд, ба шарофати Раҳим Бобоҷонов.

«Ман аз шумо хеле миннатдорам. Ташаккур ба волидайни шумо”, - гуфт актёр ба соҳибкор.

Вай ҳамчунин ба муҳоҷирони тоҷик ва дигар сокинони кишвар барои изҳори назар, ширкат ва хоҳиши кумакашон изҳори сипос кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.