Дар Душанбе Ҷашни миллии Фаронса- Рӯзи “Фатҳи Бастилия”- ро таҷлил карданд, ки дар он сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Мишел Тарран суханронӣ кард:

“Ҳамватанони худ – намояндагони ҷомеаи хурди фаронсавӣ дар Тоҷикистонро истиқбол намуда, онҳоро бо Рӯзи миллӣ муборакбод мегӯям! Ба ҳукумати Тоҷикистон, ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва роҳбарияти ҳукуматро барои истиқболи самимӣ ва шароити хуби кору зиндагӣ, ки ба ҷомеаи фаронсавиҳо фароҳам овардаанд, ташаккур мегӯям.

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки порлумони Фаронса соли 1880 санаи 14-уми июлро ба он хотир Рӯзи миллӣ эълон кард, ки 14-уми июли соли 1789 ба истилоҳ, “Фатҳи Бастилия” ба вуқуъ пайваста буд. Ин ҷашн, дар ҳақиқат, бештар аз ҷашни “Иди федератсия” сарчашма мегирад, ки як сол баъд, 14-уми июли соли 1790 даҳҳо ҳазор фаронсавиён аз ҳамаи гӯшаю канори Фаронса бо шодиву фараҳ гирди ҳам омада буданд.  


Сарфи назар аз пандемия, равобити Фаронса ва Тоҷикистон дар соли охир як давраи қобили мулоҳизаеро аз сар гузаронид.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Париж, ки моҳи октябри соли 2021 сурат гирифт. Фаронса дар барномаи таҳкими сарҳад таҳти сарварии САҲА саҳми махсусеро ҷудо намуд.

Дар ҷараёни сафари расмӣ, Президенти Тоҷикистонро Раиси Сенати Фаронса низ ба ҳузур пазируфт ва баъдан аз ҷамъияти дӯстии Фаронса –  Осиёи Марказӣ дар парлумон хост, то ки ба Тоҷикистон сафар дошта бошанд. Ҳамин тариқ, дар моҳи июни соли ҷорӣ мо як ҳайати сенаторонро истиқбол кардем, ки бо ҳамроҳии роҳбарияти қушунҳои сарҳаддӣ  махсус ба сарҳади Афғонистон дар Бадахшон сафар карда буд.

Муҳимтарин ҳадафи сафари Президенти Тоҷикистон ба Париж ифтитоҳи намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаи Гиме буд. Ин аввалин намоише буд, ки дар осорхонаи миллии пойтахти кишвари аврупоӣ ба Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Тоҷикистон, дар ҳақиқат, дар соҳили дарёи Сена дар давоми се моҳ мавриди истиқболи гарму ҷӯшони меҳмонони сершумори осорхонаи Гиме қарор гирифта буд. Илова бар он, дар ҷараёни Намоишгоҳ бо кумаки сафорат дар осорхонаи Гиме ва Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои Шарқ, ки дар заминаи мактаби куҳанбунёд ва машҳури шарқшиносони фаронсавӣ таъсис ёфтааст, оид ба бостоншиносӣ, таърих, фарҳанг ва  ҷомеашиносии Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ ташкил шуда буданд. Ин намоишгоҳ имкони ҳамкориҳои воқеӣ дар соҳаи осорхонашиносӣ буд ва ҳоло он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад.

Соли 2022 таҷассумгари  30-cолагии барқароршавиии муносибатҳои дипломатӣ миёни Фаронса ва Тоҷикистон мебошад, ки он рӯзи 4-уми март дар Театри опера ва балети ба номи Айнӣ бо консерти пианинонавози машҳур Франсуа Шаплан таҷлил гардид.

Ин ҷашнро дар рӯзҳои наздик бо чопи се нашрия боз таҷлил хоҳем кард: Маҷмуаи мақолаҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои Фаронса ва Тоҷикистон дар тӯли сӣ сол, аввалин фарҳанги фаронсавӣ-тоҷикӣ, ки аз ҷониби устод Тӯйчибой Ҷумъаев таҳия гардидааст ва асари илмии «Чашмандозе ба забонҳои Тоҷикистон», ки аз тарафи гурӯҳи олимони фаросавӣ ва тоҷик омода шудааст.


Соли 2022 дар соҳаи маориф ва фарҳанг ду рӯйдоди муҳимро қайд кард: Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аввалин созишномаи ҳамкории байни донишгоҳҳои Фаронсаву Тоҷикистонро бо Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддунҳои шарқ дар Париж ба роҳ монд; дар Хучанд бо ташаббуси Муким Темуров аввалин Альянси Фаронсавӣ (дар Осиёи Миёна хафтум, дар ҷахон ҳаштсадсадум), маркази хурди фархангй, ки мақоми ассотсиативй дорад, кушода шуд. Инчунин метавон аз Анҷумани омӯзгорони фаронсавии Тоҷикистон ном бурд, ки рӯзҳои наздик ба Федератсияи умумиҷаҳонии муаллимони фаронсавӣ шомил мешавад ва Сафорат ҳамаҷониба онро дастгирӣ хоҳад кард. Албатта, Рӯзҳои Франкофония, Фестивали мусиқӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ҳамасола Маркази фарҳангии «Бохтар» баргузор менамояд, бистсолагии ин марказ чанд моҳ пеш таҷлил гардид.

Соли гузашта низ баъзе пешравиҳои мусбӣ дар сафорат шуда гузаштанд: кӯчидан ба бинои истиқоматии наву васеъ имкон дод, ки  миссионерони зиёд ва таҷрибаомӯзонро дар он ҷо истиқбол намоем.

Илова шудани Тоҷикистон ба ҳавзаи консулгарии Тошкант (ки пеш дар Нур-Султон буд) барои шаҳрвандони Фаронса ва барои хоҳишмандони раводиди дарозмуддат беҳбудии бузурге буд. Якчанд сардорони бахшҳои салоҳиятдор дар Тоҷикистон ҳоло низ дар Тошканд қарор доранд ва аз он ҷо метавонанд бештар ба мо ташриф оранд (атташеи ҳарбӣ, атташеи иқтисодӣ, атташеи ҳамкориҳои таълимӣ, консул).

Ин унсурҳои гуногун барои оянда имкониятҳои зиёдро фароҳам меоранд. Кӯшишҳои сафорат барои таъсиси дигар шарикии академӣ нигаронида шудаанд. Бо Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Душанбе ва бо сафоратҳои фаронсавизабон дар Тоҷикистон аз дигар пойтахтҳои минтақа мо ҳамкориҳои худро ба манфиати Франкофония дар кишвари шумо таҳким хоҳем дод.

Якҷоя бо шарикони аврупоии худ мо инчунин дастгирии худро аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар зинаҳои аввал қарор дорад ва нақши он дар ҳама гуна раванди рушди демократӣ муҳим аст, афзоиш хоҳем дод.

Дар робита ба табодулот дар соҳаи иқтисодӣ, солҳои Ковид омадани намояндагони фаронсавиро ба бозор монеъ шуд ва албата бо ташкили ташрифи байналмилалии MEDEF онро рушд хоҳем дод. Бо вуҷуди ин, метавонем қайд намоем, ки новобаста ба ин мушкилот, гурӯҳи Шивер, ки бренди «Ашан»-ро дар ин ҷо муарифӣ менамояд, якчанд мағозаҳои хурдеро бо номи Би-як кушоданд ва боз кушодани якчанд мағозаи дигарро ба нақша дорад. Инчунин умедворем, ки Thales ба зудӣ ба Душанбе бармегардад ва бо шарики  боэътимоди тоҷики худ Тоҷикаэронавигатсия ҳамкориашро давом медиҳад. Инчунин умеди онро дорем, ки дар ояндаи наздик бо ташрифи ҳайати тадқиқотчиён дар соҳаи сайёҳӣ лоиҳаҳои ҳамкорӣ аз нав ба роҳ монда мешаванд.


Дар самти дигар, соли оянда бо ҳамкориҳои нав бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки маркази нави таълимии боҳашамати онро ба наздикӣ боз кардем қайд карда мешавад.

Пеш аз ҳама, ният дорем, ки муколамаи сиёсӣ бо Тоҷикистон ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи Аврупо таҳким бахшем. Тафовути байни системаҳои сиёсии мамлакатҳои мо бояд барои доштани мавқеъҳои умумй халалдор набошад, масалан, дар бобати эҳтиром кардани Устави Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида ва сохибихтиёрй ва бутунии территориявии давлатхо. Инчунин мо ба масоили муҳити зист ҳамфикрем ва Фаронсаву Тоҷикистон дар ин замина шарикони қавӣ мебошанд, ки ин ниҳоят метавонад имкон ба миён оварад то Ожонси рушди Фаронса ҳадди ақал дар заминаи лоиҳаҳои минтақавӣ фаъол бошад”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.