Зодаи Тоҷикистон Рустам Азизов 35 сол инҷониб дар Украина зиндагӣ мекунад. Дар он ҷо оила барпо карда, ба кори дӯстдоштааш машғул аст. Ҳамлаи низомии сарбозони рус тамоми ҳаёти ӯро дигаргун кард - ӯ маҷбур шуд, ки аз оилааш ҷудо шавад ва хешовандонаш дар Русия комилан аз вай рӯ гардонданд.

Рустам дар Полтава иқомат дорад. Ин минтақа то ҳол аз ҷониби неруҳои Русия тирборон карда мешавад. Аммо ин мард, мисли ҳамаи сокинони Украина, аллакай ба садои тирпарронӣ ва паёмҳои огоҳӣ (СМС) дар бораи ҳушдорҳои ҳамлаи ҳавоӣ одат кардааст.

Тарс, дард ва ноумедӣ

Рустам зодаи Душанбе аст. Соли 1988 ба омӯзишгоҳи ҳарбии Полтава дохил шуда, ба Украина меравад. Хатми ӯ бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам афтода, волидонаш аз Тоҷикистон ба Русия мераванд. Рустам нахост, ки ба он ҷо равад. Ва дар Украина монда, то ҳол онҷо зиндагӣ мекунад.


“Ин кишвар хеле маъқул шуд. Чнки мардуми ин ҷо ҳам мисли тоҷикистониён мебошанд - кушоду нармдил ва заҳматқарину меҳмоннавоз”, - мегӯяд мард.

Рустам шаҳрванди Украина аст ва онро ватани дуюми худ медонад. Дар ин ҷо оила барпо карда, соҳиби фарзанд шуд. Ин ҷо дӯстон ва кори дӯстдошта дорад -  Федератсияи гӯштини юнонию румиро дар вилояти Полтава роҳбарӣ мекунад.

Ҳамлаи моҳи феврал ҳаёти ӯро ба ду қисм тақсим кард - “то” ва “баъд”. Ӯ он рӯзи мудҳишро ба ёд меорад: тарс, дард, ноумедӣ ва саволҳои ҳамешагии "барои чӣ" ва "чаро".

“Қарибиҳои соати панҷи субҳ аз болои хонаи мо ҳавопаймоҳои қиркунунда гузаштанд. Ҳуҷраи кӯдакон кушода шуда, аз он ҷо фарзандонам, ки чашмони пур аз даҳшат доштанд, берун омаданд. Онҳо меларзиданд. Дар чашми кӯдакон ҳаросу дар чашмони занам ашк ҳувайдо буд”,- ҳикоят кардааст вай.

"Хохол", "чурка" ва "татарва"

Рустам мегӯяд, ки дар 35 соли зиндагӣ дар Украина боре бо миллатгароӣ ва таҳқир дучор нашудааст.

“Ба масҷид меравам, худро озод ҳис мекунам, дар ин ҷо ягон фашист нест, таъқиб нест, чуноне ки мегӯянд, “бандера” ё “миллатчиён” дар ин ҷо нестанд. Украиниҳо одамонро танҳо ба ду гурӯҳ – хубу бад ҷудо мекунанд, — мегӯяд Рустам. - Мисли Тоҷикистон.

Соли 2015 дар интихобот ширкат карда, вакили маҷлиси ноҳиявӣ интихоб шудам. Вақте ки вакил будам, ба ҳайси муовини раиси комиҷроияи ноҳия кор мекардам. Касе напурсаидааст, ки ман зодаи Тоҷикистонам ё ному насабам дигар хел аст”.

Бо модар ва бародараш

Ба гуфтаи Рустам, вақте ки соли 2015 ба Русия меояд, дарҳол худро “одами навъи дуюм” ҳис мекунад.

“Ҳамагӣ баъди се соати назди модарам омандан, барои ҳамсояҳо ман “хохол” шудам, ки бароям хеле ногувор буд. Ба онҳо гуфтам, ки “хахолҳо” дар Русия зиндагӣ мекунанд, дар Украина бошад, украиниҳо. Баъди як ҳафта ман аллакай “чурка” шудам. Чун модарам тоторзан аст, баъди 10 рӯз ногаҳон моро “татарва” меномидагӣ шуданд. Пас аз бозгашт ба хона, фаҳмидам, ки Русия бароям кишвари бегона аст ва дигар ҳеҷ гоҳ ба он ҷо барнамегардам”, - ба ёд меорад ӯ.

"Хешовандонам ба ман таваҷҷуҳ надоштанд"

Ҳамаи хешовандони Рустам дар Русия зиндагӣ мекунанд, лекин пас аз низои ҳарбӣ бо Украина алоқа бо онҳо қатъ шуд. Сабабаш - ақидаҳои комилан мухолифи ҷонибҳо дар бораи ин ҷанг.

“Кӯшиш кардам ба модарам бифаҳмонам, ки ин ҷо чӣ вазъ аст, лекин ӯ гуфт, ки ба ман бовар надорад ва дар онҷо тариқи телевизор тамоман гапи дигар мегӯянд. Бародари ҳамхунам ҳам бо ман гап намезанад. Ӯ чунин мешуморад, ки ин ҷо воқеан ҳам фашистон ҳастанд. Намедонам ба шумо чӣ гуна фаҳмонам - мо дар кишвари озод зиндагӣ дошта, ҳуқуқ дорем, ки президентро интихоб ва ҳукуматро танқид кунем. Ҳамчун зодаи Тоҷикистон ин ҷо нисбати худ ягон озор ё маҳдудиятеро намебинам”, - мегӯяд вай.

Бо ҳамсараш

Рустам мегӯяд, пас аз оғози амалиёти ҳарбӣ ҳеҷ яке аз хешовандонаш таваҷҷуҳе накардааст, ки ӯ чӣ гуна зиндагӣ дорад.

Муноқишаи низомии Русияву Украина на танҳо Рустамро аз наздикону хешовандаонаш, балки аз оилаи худаш ҳам ҷудо кард. Қариб як сол мешавад, ки зану фарзандонаш дар Олмон ба сар мебаранд. Онҳо аз тарси ҷони худ ба он ҷо фирор карданд. Худи Рустам дар кишвар монд.

1/2

“Бале, ҳоло ҳамроҳ нестем, лекин шукри Худо, алоқаи мобилӣ ва видеоӣ ҳаст, ҳар рӯз бо ҳам гап мезанем. Албатта душвор аст ва мо ҳам хеле тағйир ёфтем”, - мегӯяд мард.


Ҳеҷ ҷойе нарафтану кумак кардан

Имрӯз Рустам ба кори худ дар Полтава идома медиҳад. Ӯ ба кӯдакони дорои мушкилот - кӯдакони кӯчбаста, аз оилаҳои душвор, наврасони душвортарбия ва касоне, ки дучори хушунатҳои гуногун шудаанд, ёрӣ мерасонад.

1/2

Ҳамчунин Рустам кӯдаконро ба варзиш, аз ҷумла гӯштини тарзи юнонию румӣ ҷалб карда, бо онҳо бепул машғулият мегузаронад.


“Мо дар минтақа ба рушди варзиш миёни кӯдакон машғулем. Ғайр аз ин, дар фонди хайрия кор карда, ба кӯдакон, асосан ба кӯчбастагон кумак мекунем”, - изҳор доштааст Рустам.

Бино ба маълумоти гуногун, танҳо дар шарқи Украина зиёда аз 50 ҳазор зодагони Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.


Ва ҳар кадоме аз онҳо метавонад аз рӯзгори худ, ки пас аз оғози ҷанг ба мисли ҳамаи украиниҳо хеле дигаргун гашт, ҳикоят кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.