Пагоҳ, 25-уми май, соати 09:00 дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик, оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” наздикони рӯзноманигор хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, вакили дифои Хуршед Фозилов аз додрас хоста буд, ки мурофиа кушод ва бо ҳузури наздикону пайвандон ва рӯзноманигорон баргузор шавад, вале маълум нест, ки ин дархости вакили дифоъ қонеъ мешавад ё не. Ба ҳар сурат, онҳо умедворанд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат хоҳанд кард.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов як ҳафта пеш бо ирсоли дархости расмӣ аз додрас хоста буд, ки мурофиа на дар дохили Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд, балки дар бинои Додгоҳи шаҳри Панҷакент баргузор шавад. Маълум мешавад, ки ин дархостро додрас рад кардааст.

Ду ҳафта қабл, таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов ба итмом расида, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуда буд.

Дар пайи ин, модари рӯзноманигор бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Хуршед Фозилов,  ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.

Мақомот ӯро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.

Ӯ панҷумин рӯзноманигори тоҷик аст, ки дар як соли охир боздошт ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ дар кишвар ё моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ муттаҳам мешавад.

Аз ин пеш, Далери Имомалӣ, Абудуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, чор рӯзноманигори тоҷик айнан бо ҳамин ҷурм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ аз 7 то 10 сол аз озоӣ маҳрум карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.