Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми май дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ӯ 72 сол дошт ва то лаҳзаҳои охирин дар Театри Аҳорун фаъолият мекард.

Аҳли ҳунар даргузашти Сабоҳат Қосимоваро нобаҳангом ва барои театри тоҷик талх гуфта, таъкид мекунанд, ки марҳум аз сутунҳои театру кинои тоҷик буд ва марги ӯ шикасте дар ин самт дониста мешавад. Ӯ баъди марги ҳамсараш Фаррух Қосим Театри Аҳорунро зинда нигаҳ медошт.

Мо ду соли пеш дар моварои 70-солагии Сабоҳат Қосимова дар коргоҳаш Театри Аҳорун мусоҳибаи ихтисосӣ доштем, ки сабти садояш пеши мо маҳфуз аст ва инак, бори нахуст бо каме ихтисор онро ба нашр мерасонем.

Ҳунар мӯъҷизае ҳаст, ки бояд онро кашф кард

- Ҳунарманд таваллуд мешавад ва ё зиндагӣ ӯро ҳунарманд месозад?

- Инсонро омӯзиш ҳунарвар мекунад. Ҳеҷ кас аз батни модар соҳибҳунар ба олам намеояд. Аммо барои баъзе ҳунарҳо эҳсос ва хоҳиши ботинӣ лозим аст.

- Пас ҳунар чист: мӯъҷиза ё талош?

- Ба пиндори ман, ҳунари театрӣ мӯъҷизае, ки онро мебояд кашф кард.

Рӯзи ифтитоҳи бинои нави Театри Аҳорун бо ширкати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Акс аз саҳифаи фейсбуки Театри Аҳорун

Оила ва театри Қосимовҳо

- Шумо келини оилае шудед, ки ҳама ҳунарманд буданд: чӣ зиндагӣ ва чӣ ҳолу ҳавое доштед?

- Ман пеш аз он ки келини хонаводаи Қосимовҳо шавам, бо аҳли ин оила ошно будам. Ҳунарманди халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов солҳои 1970 дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба гурӯҳи мо дарс медоданд. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова бо нақшофарияш дар театру синамо мақоми шоистаро ба даст оварда, барои мо - ҷавонони бахши ҳунарҳои зебо идеал буданд.

Фаррух Қосимов ҳамкурсам буд ва мо байни ҳам муносибти дӯстона доштем. Ӯ танҳо баъди хатми донишгоҳ ба ман изҳори муҳаббат кард... Пас аз келини Қосимовҳо шудан зиндагонии хурраме доштам. Ин хонавода тору пудашро ба ҳунар бахшида буд.

Ёд дорам, 29-уми майи соли 1973 бо Фаррух Қосим издивоҷ кардем ва 4-уми июн ҳарду ҳамроҳ барои як фестивал ба Маскав сафари ҳунарӣ доштем. Яъне, ҳамон “моҳи асал”-и мо дар рӯи саҳнаи театр мегузашт. Ҳамин буд, ки тақдир моро ба ҳам оварду театр моро қаринтар гардонид.

- Аз хоҳаратон Муқаддас Набиева имрӯз чӣ гуна ёд мекунед?

- Муқаддас ёри бозиҳои бачагии ман буд... Чашмони зебои ӯ дар ангораҳои ман нақш бастаанд. Дар кӯчаҳо чашмони Муқаддасро мекобам, намеёбам. Борҳо хостаам, бо тақдир ҷадал кунам, ки моро зуд аз ҳам ҷудо кард. Ӯ 29 сол дошт ва фардои рангине интизораш буд...

Сабоҳат Қосимова якҷо бо Мушаррафа Қосимова ва ҳунармандони Театри Аҳорун
Акс аз саҳифаи фейсбуки Театри Аҳорун

Падидаи Фаррух Қосим

- Солҳо дар Театри академии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолияти эҷодӣ доштед ва боқӣ дар театри тамошобини ҷавон - Аҳорун. Аз ин ду боргоҳ чӣ гирифтед ва чӣ додед?

- Пас аз хатми донишгоҳ маро ба Театри академии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор фиристоданд. Саҳнаи ин театр, ҳунармандони бузурги он, фазои эҷодӣ ҳунару маҳорати каминаро кашф кард ва Сабоҳат Қосимоваро ба тамошобинон шиносонд. Беш аз 17 сол дар ин театр кор кардам.

Вақте ба Театри Аҳорун омадам, аллакай, дар зинаи камолоти умр будам ва аз ҳунар каму беш хабар доштам... Фаррух Қосим бо талошҳои зиёд соли 1990 Театри Аҳорунро таъсис дод ва ман ҳамвора дар канораш будам. Мактаби Аҳорун дар фазои театрӣ падидаи комилан нав буд ва нисбатан бештар ҷалби таваҷҷӯҳ мешуд. Ҳама намоишномаҳои Аҳорун ва Фаррух Қосим дар фазои театрӣ “инқилоб” буд. Ёдам ҳаст, ҳаводороне, ки дар айёми ҷанг Театри Аҳорун дошт, ҳеч театри дигари кишвар надошт.

Ҳамин тавр, ин ду театр ҳунари Сабоҳат Қосимоваро кашф кард ва ҳар нақше, ки дар ин ду боргоҳ офаридам, барои театрҳо буду ҳаст ва ҳар як мукофоте, ки ба даст овардам, моли Театри Лоҳутӣ ва Аҳорун буду ҳаст.

Сабоҳат Қосимова якҷо бо шавҳараш Фаррух Қосимов
Акс аз саҳифаи фейсбуки Театри Аҳорун

Театр дастнигари ҳукумат ва вазорат аст

- Воқеан, Фаррух Қосимов бо “Аҳорун” сафарҳои пай дар пайе ба мамолики гуногуни олам дошт. Вале ин театр дар 20 соли ахир сафарҳои ҳунариаш кам мешавад: чаро?

- Театри Аҳорун театри шаҳрии шаҳри Душанбе аст ва дастнигари ҳукумати шарҳ ва Вазорати фарҳанг мебошад. Агарчи мо беҳтарин намоишномаҳоро ба рӯи саҳна меорем, то аз ҷониби ин ду ниҳод мувофиқа нашавад, ба ҷое сафар карда наметавонем.

- Охирин сафаратон ба кадом мамлакат буд ва бо кадом намоишнома?

- Охирон сафари мо бо намоишномаи “Шоҳ Лир” соли 2003 ба Белгия, Фаронса ва Ҳолланд буд. Фаррухи Қосим он вақт моро ҳамроҳӣ мекарданд.

- Сабаби зинда кардани намоишномаҳои Фаррух Қосимов чӣ аст?

- Намоишнома агар хуб бошад, пас аз 100 сол ҳам онро дигарбора зинда мекунад ва ба рӯи саҳнаи театр меорад. Намоишномаҳои Фаррух Қосим бо фалсафаи баланд рӯи саҳна омадаанд ва ҳамааш муассиранд. Барои ҳамин мо кӯшиш мекунем, ки он намоишномаҳоро дигарбора ба саҳна орем.

Бо аҳли ҳунармандони Театри Аҳорун
Акс аз саҳифаи фейсбуки Театри Аҳорун

Театр бояд маънавияти бинандаро баланд бардорад

- Фикр мекунед, ки бинандагони имрӯз фалсафаи баланди намоишномаҳои Фаррухи Қосимро дарк карда метавонанд?

Справка по теме

Сабоҳат Қосимова 19.11.1951 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Хатмкардаи шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.17 сол дар Театри Лоҳутӣ ва беш аз 30 сол дар Театри Аҳорун фаъолият кардааст. Беҳтарин нақшҳои офаридаи ӯ Адиба (“Интихоби домод”-и Ҳ.Содиқ), Ҳабиба (“Алломаи Адҳам ва дигарон”-и С.Улуғзода), Шараф (“Корвони бахт”-и М.Миршакар), Неля (“Бозиҳои бераҳмона”-и А.Арбузов), Мадлена (“Тӯдаи риёкорон”-и М.Булгаков), Зулайхо (“Юсуфи гумгашта…”-и А.Ҷомӣ), Карделия (“Шоҳ Лир”-и У.Шекспир), Ширинкор (“Шоҳ Фаридун”-и А.Фирдавсӣ) мебошанд. Ӯ барандаи ҷоизаҳои зиёди дохиливу байналмилалӣ аст. Соли 2014 унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро гирифтааст. 24 майи соли 2023 дар синни 72-солагӣ, дар шаҳри Душанбе вафот кард.

- Театр набояд ба сатҳи маърифати тамошобин фарояд, баръакс, бинандаро ба сатҳи маърифати худаш барорад. Вазифаи театр инсонро ба худ ошно сохтан, худшинос кардан ва ба фикр водор сохтан аст. Фаррух Қосим ба ин ҳама таваҷҷӯҳ дошт ва мақсаду ормонаш ҳам маънавиёти миллатро баланд бардоштан буд.

Ҳоло ҳам агар театр ба сатҳи маърифати бинандааш поён фарояд, ҳеҷ гоҳ ба мақсадаш намерасад. Ба боварӣ гуфта метавонам, ки намоишномаҳои таҳиякардаи Фаррух Қосим метавонад, фарҳанги миллиро нигоҳ дорад ва муаррифӣ кунад.

Ҳоло аз баъзе гӯшаҳо мешунам, ки мегӯянд, намоишномаҳои Фаррух Қосим кӯҳна шудаанд. Не, ин андеша хато аст ва маънавият ҳеч гоҳ кӯҳна намешавад. Ин фикр аст, ки кӯҳна мешавад, тарзи тафаккур аст, ки онро мебояд таҷдид кард.

Аз сӯи дигар, театр ҷои ҳама нест ва набояд тамоми қишри ҷомеа ба театр оянд. Мо ҳама қишри ҷомеаро ба театр оварда наметавонем. Ба театр танҳо ҷамъияти хосса бояд оянд, ки фаҳми театрӣ ва адабӣ доранд. Театр ҷои андеша аст ва танҳо инсонҳои худшинос ба ин даргоҳ меоянд.

Ҳамчунин, агар мо аз камбинанда шудани намоишномаҳо шикоят кунем ҳам, ин ҳама маънои онро надорад, ки театрро бандем. Не, ҳамон гунае, ки ба сӯи китоб баргаштем, рӯзе дур нест, ки ба сӯи театр баргардем.

- Аз хатмкунандагони ду студияи Театри Аҳорун аксар ҳунармандони ҷавон тарки ин боргоҳ карданд. Чаро?

- Фаррух Қосим бемор шуд, театри мо дар хонаи нависандагон иҷоранишин буд ва мушкили иқтисодӣ низ пеши роҳи театрро банд мекард. Тақдири Театри Аҳорун ҳам норӯшан буд. Худи Фаррух Қосим ба дастпарваронаш, ки мисли фарзанд барояш азиз буд, иҷоза дод, ки аз театр раванд.

Ин давраи мушкилтарини театр буд ва чун баъзе ҳунармандоне, ки дар намоишномаҳо нақши асосиро мебозиданд, аз саҳна рафтанд, мушкил болои мушкил шуд. Барои омода кардани ҳунарманди дигар вақт лозим буд ва мо сари по истода, ҳама кори аз дастамон меомадаро карда, дигарбора театрро ба вазъи муқаррарӣ овардем.

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир Сабоҳат Қосимоваро бо ҷашни 70-солагиаш табрик мегӯяд.
Акс аз муаллиф

Бо насиҳати падараш...

- Писаратон Фирдавс Қосимов дар саҳна нақшу суханрониву ҳамаи ҳаракатҳои падарашро айнан такрор мекунад: ӯ роҳ меҷӯяд?

- Фирдавс мактаби Театри Аҳорунро гузашт ва дар рагу пайвандаш хуни аҳорунӣ гардиш мекунад. Насиҳат ва роҳнамоии падараш Фаррух Қосим буд, ки ҳамеша мегуфт, агар ҷодаи тайкардаи падарашро интихоб кунад, бигзор ҳам ҳунарманд бошад ва ҳам коргардон ва агар ин дуро хуб омӯзад, ӯ муваффақ хоҳад буд. Ӯ ҳам дар оилаи ду ҳунарманд ба дунё омад ва ба камол расид ва ҳам дар ин ҷода таҳсил кард ва ду диплом гирифт. Гарчи намоишномаҳои падарашро дигарбора эҳё кард, намоишномаҳои худро ҳам таҳия намуд. Ҳоло роҳи худро ёфта, дар кораш муваффақ ҳам ҳаст.

- Дар саҳнаи театр чӣ аз ҳама муҳим аст?

- Театр ҳунар ва истеъдодро эътироф мекунад ва беҳунариву коҳилиро маҳкум менамояд. Саҳна макони муқаддас аст ва танҳо инсони ҳунарвар дар ин ҷо ном ва нон меёбад. Нафаре, ки ин дуро дорад, рӯи саҳна боқӣ мемонад.
Сабоҳат Қосимова дар ҷашни 70-солагии хеш.
Акс аз муаллиф

Шикастро напазирад...

- Ба Шумо чӣ гуна нақш бештар писанд аст?

- Нақши қаҳрамонеро, ки ҳамеша дар талоши ҳаёт аст ва бо ҳама мушкилот сар ба сар шуда, шикастро напазирад, бештар меписандам.

- Эҳсосӣ будан барои ҳунарманд хуб аст ва ё бад?

- Ман нафари эҳсосӣ ҳастам, вале дар ҳама вазъ худро идора карда метавонам.

- Се чизи писандидаатон?

- Тоҷикистон. Душанбе. Театри Аҳорун. Аз ин се дур буда наметавонам.

- Байте ҳаст, ки дӯсташ доред?

- Ҳама байти Мавлоноро дӯст медорам.

Лаҳзаи суҳбати Сабоҳат Қосимова ва муаллиф

- Аз кадом амали хеш пушаймонед?

- Пушанмон нестам аз умри полида,

Ба пирӣ мерасам аз хеш болида...

- Гиряи охиринатон кай буд?

- Соате пеш барои Фаррух Қосим...

- Як суол, ки ҳамеша дар фикри Шумо мечархад?

- Ҳамеша ва дар ҳар маврид ба худ суол медиҳам: агар Фаррух Қосим ҳоло зинда мебуд...

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.