Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳодисаи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар варзишгоҳи мактаб дар ноҳияи Митинои шаҳри Маскав шарҳ дод.

"Кормандони Хадамоти консулгарӣ ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур сафарбар шуда, дар натиҷа муайян намуданд, ки аз ин шумора 57 нафари онҳо (қаблан дар бораи боздошти 150 нафар хабар дода шуда буд, - Идора) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд”, - гуфта мешавад дар саҳифаи намояндаги дипломатӣ дар Facebook.

Гуфта мешавад, миёни боздоштшудагон намояндагони дигар кишварҳо низ ҳузур дошта, 20 шаҳрванди Тоҷикистон аллакай раҳо шудаанд.

“Тибқи маълумоти ШКД-и ноҳияи мазкур, пас аз санҷиши ҳуҷҷатҳо ҳамаи боздоштшудагон раҳо карда мешаванд”, - зикр мегардад дар маълумоти нашршудаи сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Дар бораи сабабҳои боздошт хабар дода намешавад.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 30 май дар наздикии истгоҳи метрои “Митино” дар Маскав зиёда аз 150 нафар боздошт шуданд. Зикр шуда буд, ки одамонро шабона бо чор автобус ба ШКД ноҳияи Митино бурдаанд. Ҳамаи боздоштшудагон дар сохтмони назди истгоҳи метро кор карда, дар вагоначаҳои маишии ҳамон ҷо зиндагӣ мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия ба “Азия-Плюс” дар бораи далели лату кӯби донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Комсомолски лаби Амур мухтасар маълумот дод.

“Дар робита ба ин ҳодиса гурӯҳи кормандони сафорат ва Консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирск ба ҷойи ҳодиса - Хабаровск рафтанд. Дар он ҷо онҳо бо донишҷӯёни тоҷик суҳбат карда, аз вазъи солимиашон огоҳ шуданд”, - гуфта мешавад дар посухи мухтасар ба дархости “Азия-Плюс”.

Донишгоҳи техникии Комосомолски лаби Амур

Ба иттилои сафорат, дар ин ҳодиса 10 донишҷӯи Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амур “ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд, вале ҳоло саломатиашон муътадил арзёбӣ мегардад”. Ба донишҷӯёни осебдида “ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ” расонида шудааст.

Аммо саволи “Азия-Плюс” дар бораи сабабҳои рух додани ин ҳодиса бе посух монд. Танҳо зикр мешавад, ки “айни замон ин қазия дар ҳамдастӣ бо мақомоти марбутаи кишвари иқомат баррасӣ мешавад”.

“Сафорат талош хоҳад кард, ки ин масъала мунсифона дар доираи қонунгузории кишвари иқомат ҳаллу фасл шавад”, - зикр мешавад дар хабар.

Дар бораи ҳодисаҳои дигари боздоштҳои оммавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки қариб ҳамарӯза пайдо мешаванд, дар сафорат хабар надоданд.

Аз ҷумла дар бораи боздошти тоҷикон дар ноҳияи Можайски Маскав. Рӯзи 29 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он аз варзишгоҳи мактаб баровардани муҳоҷирони тоҷик дида мешавад. Онҳоро ба риоя накардани қоидаҳои будубош, майдаавбошӣ ва итоат накардан ба амри корманди пулис гунаҳкор мекарданд.

ВАО Русия хабар доданд, ки муҳоҷирон гӯиё наврасонро аз варзишгоҳи мактаб ронда, худашон бозии футбол кардаанд. “Известия” хабар дод, ки кормандони пулис нисбати 49 нафар муҳоҷирон санадҳо тартиб додаанд.

Рӯзи 26 май навори видео пайдо шуд, ки дар он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дари масҷидро дар вилояти Маскав пас аз намози ҷумъа баста, ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони тоҷикро месанҷанд. Касонеро, ки ҳуҷҷат доштанд, раҳо мекарданд ва шасхоне, ки ҳуҷҷат надоштанд, ба шуъбаи пулис мебурданд.

Шаби 23 ба 24 май дар ноҳияи Котелники пулиси Маскав инчунин қариб 100 муҳоҷири тоҷикро боздошт намуд. Қаблан, рӯзи 18 май низ чунин боздошт сурат гирифта буд.

Бино ба маълумоти ВАО, рейдҳо дар ноҳияи Котелники вақте сар шуданд, ки сокинони ноҳия оид ба рафтори номуносиби муҳоҷирон, мунтазам аз ҷониби онҳо риоя нашудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, савдои пинҳонӣ ва ташкили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ арзу шикоят карданд.

Аз рӯи ҳамаи далелҳои дар ВАО нашршуда дар бораи боздошти муҳоҷирони тоҷик “Азия-Плюс” барои шарҳ ба сохторҳои салоҳиятдор, аз ҷумла сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кард.

Дар ҳар кадоме аз ин сохторҳо изҳор доштанд, ки аз ин ҳодисаҳо хабардоранд ва онҳоро пайгирӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин сохторҳо ба саволи чаро ба ин ҳад зиёд шудани фишор болои муҳоҷирони тоҷик ва чӣ қадар боздошт шудани тоҷикистониён дар ҷараёни ин рейдҳо посух надоданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.