Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як эълон таъкид кардааст, ки қабули ҳуҷҷати кӯдакони синфи 1-ум ба мактабҳо ройгон буда, талаби маблағ ғайриқонунӣ аст.

Ин ниҳод навиштааст, ки дар ҳолати талаб намудани маблағ аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, волидони кӯдак аз онҳо расид барои пардохти маблағ талаб намоянд ё ба ниҳоди масъул шикоят баранд.  

Асомиддин Бобозода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то ҳол ба ин ниҳод аз ҷониби волидон дар робита ба қабули кӯдакон ба мактаб шикоят нашудааст.

Ба гуфтаи масъулин эълони мазкур танҳо барои пешгирӣ ва огоҳ намудани волидон интишор шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар мавсими қабули кӯдакон ба синфи як шикоятҳо оид ба талаби маблағ аз ҷониби масъулини мактабҳои алоҳида интишор мешаванд.

Имсол низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар шабакаи фейсбук масъалаи мазкур баррасӣ гардида, корбарон аз масъулони маориф хоҳиш намудаанд, ки пеши роҳи ин амал гирифта шавад.

Бояд гуфт, корбарон дар аксар ҳолат аз фош намудани номи муассисаҳои таълимӣ, ки аз онҳо маблағ талаб намудаанд, худдорӣ мекунанд.

Як ҳамсуҳбати мо, бо шарти фош нашудани номаш гуфт, ки ҳуҷҷати писарашро ба яке аз муассисаҳои таълимии низоми таҳсилаш буҷҷавӣ, ба гуруҳи русӣ, супоридааст ва аз ӯ маблағ талаб намудаанд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бинобар зиёд будани хонандагон ба гуруҳи русии ин муассиса маҷбур шудааст маблағро пардохт намояд, то фарзандашро қабул намоянд.

Ин модар илова кард, ки барои шомил шудан ба гуруҳи таҳсилаш бо забони тоҷикӣ маблағ талаб намекунанд. Ин зан дақиқан намедонад, ки ин маблағро барои чӣ ва кӣ супоридааст.

Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Бобозода сокинон хоҳиш кард, ки дар чунин ҳолатҳо ба масъулин ё ба рақамҳои боварии Сарраёсати маорифи пойтахт 2-21-30-92 ё +(992) 002-20-40-40 муроҷиат намоянд. Дар ҳолати шикоят ҳатман нисбат ба масъулони муассисаҳои таълимӣ чораҳои ҳуқуқӣ андешида ҳоҳад шуд.

Ӯ илова кард, ки тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” қабули кӯдакон, ки соли таваллудашон то 31-уми декабри соли 2016 мебошад, новобаста аз он ки ба гурӯҳҳои забони таҳсилаш тоҷикӣ ё русии муассисаҳои таълимии буҷетӣ тариқи ройгон (дар муассисаҳои таълимии таппи нав ва хухусӣ бе назардошти маблағи шартнома) ба роҳ монда шудааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод мекунанд, ки дар назди утоқи кории мудири муассисаи таълимӣ бояд эълони ройгон қабул намудани кӯдакон ба синфи якум насб карда шавад. Шояд дар ин ҳолат маблағ талаб накунанд.

Хотиррасон мекунем, ки қабули ҳуҷҷати кӯдакон ба муассисаҳои таълими аз имрӯз,  1-уми август, оғоз гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.