Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи ҳалокшудагони садамаи нақлиётӣ дар Кӯлоб изҳори ҳамдардӣ баён карда, ба захмиён шифои оҷил орзу намуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур иттилоъ медиҳад.

Роҳбари давлат ҳамчунин ба сохтору мақомоти дахлдор супориш додааст, ки ба хонаводаҳои ҳалокшудагон кумаки моддӣ расонида, барои табобати захмбардоштагон ва барқарор намудани хонаҳои зарардида тадбирҳои фаврӣ андешида шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар садамаи нақлиётии шоми дирӯз, 6-уми август, дар шаҳри Кӯлоб рухдода, 10 нафар ҷон бохтаву чандин нафари дигар захмӣ шудаанд.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.