Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби хабар додан ва даъват намудан дар истеҳсолоти иҷроиши маҷбуриро баррасӣ намуданд.

 

 

Шартҳои умумии ҳатмии хабар додан ва даъват намудан дар истеҳсолоти иҷроиши маҷбурӣ:

Шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда дар бораи вақт ва макони гузаронидани амалҳои иҷро ё татбиқи чораҳои маҷбурии иҷро огоҳ карда мешаванд ё ба назди иҷрочии мақомоти иҷро бо даъватнома тариқи огоҳинома оид ба супорида шудан, телефонограмма, бо истифода аз намудҳои гуногуни алоқа, аз қабили электронӣ, бурдарасонӣ ва ба воситаи шахсе, ки иҷрочии мақомоти иҷро бо розигии ӯ бурдарасониро ба ӯ супориш медиҳад, даъват мешаванд.

Дар ҳолатҳое, ки ҳуҷҷати иҷро бояд бетаъхир иҷро гардад ва ё гузоштани ҳабс ба моликият ва қабули дигар чораҳои таъминотӣ, иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадор аст амалҳои иҷро ва дигар чораҳои иҷрои маҷбуриро бе огоҳонидани пешакии шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда татбиқ намояд. Дар баробари ин, иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадор аст, ки ин шахсонро оид ба гузаронидани амалҳои иҷро ё татбиқи чораҳои маҷбурии иҷро на дертар аз рӯзи кории баъди рӯзи татбиқ ё ба амалбарории чораҳои маҷбурии иҷро хабардор кунад.

 

Хабарномаҳои унвонии ситонанда ва қарздор ба суроғаҳои дар ҳуҷҷати иҷро нишондода равон карда мешаванд. Хабарномаи унвонии дигар шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ба ҷои истиқомат ё ба ҷои кор ва ё маҳалли қарордоштаи чунин шахс равон карда мешавад.

Шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ҳуқуқ дорад тариқи хаттӣ оид ба суроғаи дигараш хабар диҳад (аз ҷумла суроғаи электронии почта), ки иҷрочии мақомоти иҷро бояд хабарномаро ба он равон кунад ё ин ки тарзҳои дигари огоҳкунӣ ва маълумоти дигарро, ки барои сари вақт иттилоотонии ин шахс дар бораи рафти истеҳсолоти иҷро заруранд, пешниҳод созад.

Шахсоне, ки аз ҳозир шудан аз даъвати иҷрочии мақомоти иҷро саркашӣ менамоянд, дар асоси қарори иҷрочии мақомоти иҷро маҷбуран оварда мешаванд.

 

Дар даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо бояд маълумоти зерин дарҷ гарданд:

- насаб, ном ва номи падар, суроғаи почта, почтаи электронӣ, рақамҳои телефонии иҷрочии мақомоти иҷро;

- насаб, ном ва номи падари шахси воқеие, ки ба ӯ даъватнома ё хабарнома фиристонида мешавад;

- ном ва суроғаи ҳуқуқии шахси ҳуқуқие, ки ба ӯ даъватнома ё хабарнома фиристонида мешавад;

- қайд оид ба ҳайси кӣ даъват ё хабардор шудани даъватшаванда;

- рақами истеҳсолоти иҷро, ки аз рӯи он даъватшаванда даъват ва ё хабардор карда мешавад;

- сана, вақт ва маҳалли гузаронидани амали иҷро;

- оқибати ҳозир нашудан аз рӯи даъватнома ё дигар намуди хабарнома.

Агар даъватнома, дигар намуди хабарнома ба воситаи почта ё шахсе, ки иҷрочии мақомоти иҷро ба ӯ дастраскунониро вогузор кардааст, расонида шавад, пас сана ва вақти дастрас шудани онҳо ба даъватшаванда, дар ҳуҷҷате, ки бояд ба иҷрочии мақомоти иҷро баргардонида шавад, қайд мегардад.

Агар даъватнома ва ё дигар намуди хабарнома бо намуди дигари алоқа дастрас карда шавад, пас сана ва вақти ба даъватшаванда дастрас шудани онҳо бо тарзи муқарраршуда қайд мегардад.

Даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳои ба унвонии шаҳрванд ирсолгардида, ба ӯ бо гирифтани дастхаташ дар огоҳиномае, ки бояд ба иҷрочии мақомоти иҷро баргадонида шавад, шахсан супорида мешавад. Даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳои ба унвонии ташкилот ирсолгардида, ба корманди ташкилот, ки барои гирифтани даъватнома, дигар намуди хабарнома имзои худро дар огоҳинома оид ба супорида шудан бо зикри насаб, ном, номи падар ва вазифа мегузорад, супорида мешавад.

Агар ситонанда ё қарздор дар суроғаи дар ҳуҷҷати иҷро нишондода истиқомат ё қарор надошта бошад, пас даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо ба суроғаи маҳалли истиқомат, суроғаи ҳуқуқии ташкилот равон карда мешавад.

Агар шахси дастраскунандаи даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо шахси даъватшавандаро дар маҳалли истиқоматаш дарёфт накунад, пас даъватнома ё дигар намуди хабарнома ба яке аз шахсони болиғи аъзои оила, ки якҷо бо ӯ истиқомат мекунанд, барои қабули даъватнома ё дигар намуди хабарнома, супорида мешавад. Дар ин сурат, даъватшаванда хабардоршуда ҳисобида мешавад.

 

Дар сурати набудани даъватшаванда шахси дастраскунандаи даъватнома ё намуди дигари хабарномаҳо дар огоҳинома оид ба супоридан, ба куҷо рафтан ва кай дар назар будани бозгашти даъватшавандаро дарҷ менамояд, ё ин ки қайдҳоро оид ба мавҷуд набудани чунин маълумот сабт менамояд.

Шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ҳангоми ивази суроғаи маҳалли зист ё ҷои кор дар рафти пешбурди истеҳсолоти иҷро ӯҳдадор аст, ба иҷрочии мақомоти иҷро суроғаи нави маҳалли зист ё ҷои кори худро хабар диҳад. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин хабар даъватнома ё дигар намуди хабарнома ба охирин суроғаи маълумбудаи шахс равон карда шуда, ӯ хабардоршуда ҳисоб карда мешавад, гарчанде, ки ӯ дар ин суроға, маҳалли зист истиқомат надорад ё дар ҷои кор қарор надошта бошад.

Дар ҳолати рад кардани қабули даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо шахси дастраскунандаи он дар даъватнома ё дигар намуди хабарнома қайди дахлдор гузошта, онро ба иҷрочии мақомоти иҷро бармегардонад.

 

Шахсони дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда, хабардоршуда ҳисобида мешаванд, агар:

- даъватшаванда аз гирифтани даъватнома ё дигар намуди хабарнома саркашӣ намуда бошад;

- бо вуҷуди гирифтани хабарнома тариқи почта даъватшаванда барои гирифтани даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳое, ки ба унвонии ӯ равон карда шудаанд, ҳозир нашуда бошад;

- дар сурате, ки даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳои ирсолшуда ба охирин суроғаи маълумбудаи маҳалли истиқомати шахси дар истеҳсолоти иҷро иштироккунанда ё ба суроғае, ки аз тарафи ӯ ба таври хаттӣ ба иҷрочии мақомоти иҷро барои огоҳонидани чунин шахс дода шудааст (аз ҷумла суроғаи электронӣ) ё даъватнома ё дигар намуди хабарномаҳо ба таври дигари аз тарафи шахси зикршуда равон шудааст, вале шахс даъватнома ё дигар намуди хабарномаро нагирифтааст;

4) хабарномаҳои дар шакли ҳуҷҷати электронӣ, ки аз тарафи иҷрочии мақомоти иҷро бо имзои электронӣ имзо гаштааст ва ба даъватшаванда бо истифода аз хатҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гаштааст.

 

Иҷрочии мақомоти иҷро, тарҷумон, мутахассис ва шахси холис наметавонанд дар истеҳсолоти иҷро иштирок намоянд ва бояд рад карда шаванд, агар онҳо:

- ҳангоми баррасии парвандае, ки оид ба иҷрои қарори он истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст, ба сифати судя, прокурор, намоянда, шоҳид, коршиноси судӣ, мутахассис, тарҷумон ва котиби маҷлиси судӣ иштирок намуда бошанд;

- бо тарафҳо ё намояндагони онҳо муносибати хешутаборӣ дошта бошанд, ки он категорияи муносибатҳоро қонун муайян менамояд;

- шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи ҳалли парванда манфиатдор бошанд ё ҳолатҳои дигар мавҷуд бошанд, ки беғаразӣ ва холисии онҳоро зери шубҳа гузоранд.

Радкунӣ бояд асоснок бошад ва дар шакли хаттӣ то оғози амалҳои иҷро пешниҳод карда шавад.

Рад кардани иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби иҷрочии калони мақомоти иҷро ва дар маҳалле, ки як иҷрочии мақомоти иҷро амал менамояд, аз ҷониби худи иҷрочии мақомоти иҷро ҳал карда шуда, дар ин хусус қарор қабул карда мешавад. Ба дигар иҷрочии мақомоти иҷро вобаста намудани истеҳсолоти иҷро дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомоти иҷро амалӣ карда мешавад. Рад кардани тарҷумон, мутахассис ва шахсони холис бошад аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро ҳал карда мешавад. Дар ин бора иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд.

Бо асосҳои дар боло зикркардашуда иҷрочии мақомоти иҷро, тарҷумон, коршинос, мутахассис ва шахси холис ӯҳдадоранд, ки изҳори худрадкунӣ намоянд.

Худрадкунии иҷрочии мақомоти иҷро бо қарор ба расмият дароварда шуда, нусхаи он на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабули қарори зикршуда ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро равон карда мешавад.

Худрадкунии иҷрочии мақомоти иҷро аз ҷониби иҷрочии калони мақомоти иҷро ва дар маҳалле, ки як иҷрочии мақомоти иҷро амал менамояд, аз ҷониби худи иҷрочии мақомоти иҷро ҳал карда шуда, дар ин хусус қарор қабул карда мешавад.

Худрадкунии тарҷумон, коршинос, мутахассис ва шахси холис бо қарори иҷрочии мақомоти иҷро ба расмият дароварда мешавад.

Шикоят нисбат ба қарор, амали (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва баррасӣ карда мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.