Аёмиддин Фархудинов, тоҷики зодаи Русия дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид. Озмуни мазкур маротибаи 21-ум баргузор мешавад ва аввалин маротиба дар он тоҷики зодаи Русия ғолиб мегардад.
Дар ин озмун дар умум аз 31 давлати ҷаҳон ҳофизону қориёни Қуръон барои ғолибият рақобат карданд.
Тавре аз Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ- фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, дар ин озмуне, ки бисёр пуршиддат ҷараён гирифт, Аёмиддин Фархудинов ғолиб гардид ва ба ӯ раиси Идораи мусулмонони Русия, муфтӣ Шайх Равил Гайнутдин ҷоизаро супорид.
Аёмиддин Фархудинов ғайр аз донандаву хонандаи хуби Қуръон будан, ҳамчунин бо чор забон - тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ озод суҳбат мекунад.
Ӯ тоҷик буда, дар вилояти Тулаи Русия таваллуд шудааст. Дар синни 6-солагӣ ба омӯзиши Қуръон шурӯъ карда, аллакай дар синни 10-солагӣ бо роҳбарии падараш дар озмунҳои қироати Қуръон иштирок кардааст.
Ҷойи дуюмро Ҳусейн Алиризо Ҳани Бидголӣ аз Эрон ва ҷои сеюмро Исмоил Муҳаммад Яҳё Маниёр аз Ҳиндустон соҳиб шуданд.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста