Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар интернети ройгон пешниҳод мекунад. Дар ин бора ин ниҳод дар сомонааш хабар додааст.

Манбаъ гуфтааст, ин тасмим бо мақсади иҷрои фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар рӯйи даст гирифта шудааст.

“Бо ин мақсад Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар минтақаҳои дурдаст барои истифодабарандагон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва операторони алоқаи барқӣ зимни амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, хизматрасонии интернетро ройгон пешниҳод кунад”, - гуфтааст ин ниҳод.

Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, ин иқдом ба нуқтаҳои қабули пардохти ғайринақдӣ рабт дорад.

“Нуқтаҳои пардохти ғайринақдӣ, ки бо постерминалҳо муҷаҳҳаз мебошанд, бо интернети бепул таъмин карда мешаванд. Ин иқдом аллакай роҳандозӣ шуда истодааст ва мо кӯшиш мекунем барои гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳамаҷониба мусоидат кунем”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.

Ба таъкиди ниҳоди зери роҳбарии Бег Сабур, дастрасии бидуни монеа ба интернет барои густариши раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Илҳомҷон Атоев

Аммо то ҳол маълум нест, ки зери мафҳуми минтақаҳои дурдаст Хадамоти алоқаи кишвар кадом минтақаҳои кишварро дар назар дорад. Ҳамчунин, маълум нест, ки чӣ гуна ба ин нуқтаҳо интернети ройгон дастрас карда мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охири солонааш аз нархи гарону сифати пасти интернет дар кишвар нигаронӣ карда, аз масъулин талаб карда буд, ки чораандешӣ кунанд.

Ин буд, ки тайи як соли охир Бег Сабур, роҳбари Хадамоти алоқа бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасонҳо вохӯрӣ гузаронида, аз онҳо талаб мекунад, ки нарху сифати интернетро беҳтар кунанд. Вале тавре маълум мешавад, вазъ пурра қонеъкунанда нест, зеро дар ҷаласаи охир Бег Сабур гуфт, корҳои анҷомдодашуда кофӣ нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.