Аз 20 то 30-юми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзҳои моякӯбии (иммунизатсияи) оммавӣ бар зидди сирояти пневмококкӣ байни кӯдакони осебпазири аз 1,5 то 5-сола гузаронида мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо беш аз 838 ҳазору 843 нафар кӯдак дар 65 шаҳру навоии кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе, моякӯбӣ мешаванд.
Рӯзҳои иммунизатсияи оммавӣ бо мақсади таъмин намудани амнияти солимии аҳолии мамлакат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда гузаронида мешаванд.
Дар маркази мазкур илова намуданд, ҳадаф аз баргузории ҳамоиш устувор нигоҳ доштани масунияти кӯдакон бар зидди сирояти пневмококкӣ ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳаммияти иммунизатсия дар пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи ваксинаҳо пешгиришаванда маҳсуб мешавад.
Пневмококкӣ беморие мебошад, ки асосан кӯдакон ба он гирифтор мешаванд. Он метавонад бемориҳоии синусит, пневмония, бронхит, эндокардит, артрит, сепсис ва ғайрраҳо ба вуҷуд орад.
Сирояти пневмококкӣ тавассути қатраҳои ҳавоӣ ва тамос аз интиқолдиҳандагони бемор ба шахси солим сироят мекунад.
Бояд зикр кард, ки баъди моякӯбӣ бар зидди пневмококкӣ баъзан дар кӯдакон беҳолӣ, хоболудӣ, баста шудани иштиҳо, баландшавии ҳарорат, сурхшавӣ ва дар ҷойи эмшуда варам мушоҳида мешавад.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста