Бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе ба номи мавсуф гузошта мешавад. Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин робита дирӯз, 20-уми ноябр, қарори дахлдори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид ва ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод шуд.

“Бо қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ифтихори зодрӯзаш ба номи Бозор Собир номгузорӣ гардид”, - менависад Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Бояд гуфт, ки мактаби №8 дар маркази пойтахт, дар рӯбарӯи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷойгир буда, соли 2014 бозсозӣ гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки Бозор Собир 20-уми ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод.

Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (имрӯза ДМТ) дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст.

Ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи ҳафтаномаи “Маориф ва маданият” (то соли 1975), мудири шуъбаи назми маҷаллаи “Садои Шарқ” (1975-1979), ҷонишини раиси Шӯрои назми ИН Тоҷикистон (1979-1981), мушовири шуъбаи назми ИН Тоҷикистон (1981-1990) кор кардаааст. Солҳои 1990-1991 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон низ буд.

Нахустин шеърҳои Бозор Собир солҳои 60 асри 20 дар матбуоти Тоҷикистон ба табъ расиданд. Муаллифи маҷмӯаҳои “Пайванд” (1972), “Оташбарг” (1974), “Гули хор” (1978), “Мижгони шаб” (1981), “Офтобниҳол” (1982), “Оташбарг” (1984; бо ҳуруфи форсӣ, соли 1990 ба забони русӣ), “Бо чашидан, бо чамидан” (1987), “Чашми сафедор” (1991), “Симхор” (1995), “Аз Ватан вақте ки мерафтам” (1999), “Аз гули хор то симхор” (2003), “Шоиру шеъре агар ҳаст” (2004), “Хуни қалам” (2010), “Лолаи сиёҳ” (2010) мебошад.

Ӯ муаллифи шеърҳои ҳувиятхонаҳонае чун "Забони модарӣ", "Теғи Сино", "Бухоро", "Аз хуни Сиёвуш" ва даҳои дигар аст, ки замоне аз нашр кардани онҳо метарсиданд ва ҳоло бошад, маҷолиси фарҳангиву адабӣ бидуни қироати онҳо намегузарад.

Шеъри “Забони модарӣ”-и Бозор Собирро дар қироати Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортик Кодир дар ин ҷо бубинед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.