Амиршо Миралиев, роҳбари собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва раиси пешини вилояти Хатлон, дар яке аз беморхонаҳои давлати Туркия вафот кард.

Далери Абдулло, рӯзноманигори тоҷик, бо такя ба гуфтаҳои пайвандонаш дар ин бора иттилоъ дода, таъкид кард, ки Амиршо Миралиев аз бемории сутунмӯҳра ранҷ мебурд.

“Як ҳафта пеш барои табобат ба Туркия рафта ва дар яке аз бемористонҳои Истамбул ҷарроҳӣ шуда буд. Пас аз ҷарроҳӣ нисфирӯзии имрӯз аз олам гузаштанд”, - гуфт Далер Абдулло.

Далер Абдулло афзуд, ки майитро шоми имрӯз ба Душанбе меоранд ва дар назар аст, ки пагоҳ, 7-уми декабр, дар ноҳияи Данғара ҷаноза карда, ба хок супорида шавад.

Шарҳи ҳол:

Амиршо Миралиев соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленинградро (Русия) хатм кардааст.

Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) расида буд. Аз соли 1994 то 2000 мушовири Президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили парлумон интихоб шуд.

Соли 2001 раиси вилояти Хатлон таъйин шуд ва 5 сол ин вазифа кор кард. Соли 2006 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъйин гардид. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 аз тарафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайат муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Соли 2015 бознишаста шуд. Чанде баъд раиси Шурои мудирони “Соҳибкорбонк” ва раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон интихоб гардид.

Гуруҳи расонаҳои "Asia-Plus" ба пайвандону наздикони Амиршо Миралиев ҳамдардии амиқ изҳор карда, барояшон сабру шикобоӣ мехоҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.