Дар ду рӯзи охир ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 4-уми декабр дар шаҳри Касанеи Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шурӯъ кард.

Дар чорабинии мазкур намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.

“5-уми декабр зимни иҷлос номинаи мустақими Тоҷикистон “Анъанаи бофтани атласу адрас” мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид”, - менависад ВКХ Тоҷикистон.

Манбаъ меафзояд, ки имрӯз, 6-уми декабр, номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон - “Ҷашни Сада” ва номинаи муштараки Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Туркия - “Тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуданд.


Гуфтан ба маврид аст, ки бофтани атласу адрас яке аз қадимтарин ҳунарҳои халқи тоҷик мебошад ва ҳанӯз занону бонувони тоҷик ин гуна либос мепӯшанд.

Ҷашни Сада ҳам яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-уми баҳманмоҳ (30-юми январ бо тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз ҳам мегӯянд.

Санъати зарҳалкорӣ бошад, яке аз ҳунарҳои рушдкардаи мардуми бумии Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи он мебошад ва дар Тоҷикистон ин анъана аз насл ба насл гузашта меояд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО то 9-уми декабр идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.