Дар соли 2023 додгоҳҳои ҳарбии Тоҷикистон 26 парвандаи озори сарбозонро аз ҷониби ҳамхидматон ё афсарони қисмҳои ҳарбӣ баррасӣ кардаанд. Дар ин бора Ҷумахон Абдуллозода, намояндаи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар як чорабинӣ, ки имрӯз, 6-уми декабр, дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардид ва ба шароити зисти сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ бахшида буд, иттилоъ дод.

Озори сарбозон

Номбурда гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2023 додгоҳҳои ҳарбии кишвар барои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ бо дастрасӣ ба моддаи 373-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 26 парвандаро баррасӣ карданд.

Ин намояндаи додгоҳи олӣ нагуфт, ки дар доираи ин парвандаҳо чанд нафар ҷазо гирифтанд.

Вале дар як соли охир ҳудуди 10 афсару сарбоз барои латукӯб ва таҳқири наваскарон, ки баъдан аксу навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, хашми корбаронро барангехт, аз ҷониби Додгоҳҳои ҳарбии кишвар аз 5 то 11,5 сол равонаи зиндон шуданд. Парвандаи аксари онҳо бо моддаи 373-и Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ шуд.

Ҷумахон Абдуллозода, ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ин давра барои худсарона тарк кардании қисми ҳарбӣ ё маҳалли хидмат бо дастрасӣ ба моддаи 374-и Кодекси ҷиноятӣ 9 парвандаи ҷиноятӣ боз ва ба додгоҳҳои горнизони ҳарбии кишвар ворид шудааст. Ӯ чунин оморро барои соли гузашта пешниҳод накард.

“Дар 9 моҳи соли 2023 дар маҷмуъ ба Додгоҳҳои горнизони ҳарбии кишвар 197 парвандаи ҷиноятӣ ворид гардидааст, ки назар ба соли гузашта 28 адад зиёд мебошад. Дар 9 моҳи соли 2022-юм 169 парванда ворид шудааст”, - гуфт ин намояндаи додгоҳи олӣ.

Ҷиноят, зиндон ва марг

Бояд гуфт, ки дар маърузаи Ваколадолр оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2022 гуфта мешавад, ки Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон дар соли гузашта 71 ҷинояти вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хидматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хидматиро тибқи моддаи 373 Кодекси ҷиноятӣ ба қайд гирифта, нисбати 120 сарбоз ва курсант барои содир намудани ҷиноятҳои фирор ва худсарона тарк намудани маҳалли хидмат парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Акс аз ТҶ "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ"

Таъкид мешавад, ки дар соли 2022 22 хидматчии ҳарбӣ бо сабабҳои гуногун: 4 ҳолат аз беморӣ, 2 ҳолати садами нақлиётӣ, 5 нафар худкушӣ, 3 нафар аз ҳодисаи нохуш, 1 нафар аз ҷонби шахси дигар ва 12 нафари дигар дар вақти иҷрои вазифаи хидматӣ ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамин тавр, соли гузашта 482 хидматчии ҳарбӣ равонаи зиндон шудаанд.

На ҳама меъёри оинномаҳо риоя мешаванд

Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Гуруҳи мониторингӣ, ки аз намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” иборат буд, дар соли равон аз 6 қисми ҳарбии Вазорати дифоъ дар шаҳру навоҳии дидан карда, бо шароити зисту зиндагии сарбозон шинос шуда, бо 58 сарбоз суҳбати хоса кардааст.

Дар натиҷа, онҳо ба хулосае омадаанд, ки на ҳама меъёрҳои оинномаҳои дохилихидматӣ дар қисмҳои ҳарбӣ риоя мешавад ва ихтилоф байни шартҳо ва стандартҳои қабулшуда мавҷуд аст.

Онҳо гуфтаанд, ки набудани назорати шаффоф дар қисмҳои ҳарбӣ, мамонияти дастрасии ҳаррӯза ба телефонҳо ва адами муроҷиат ба мақомоти назоратӣ ба шиканҷа ва муомилаи бераҳмона дар қисмҳои ҳарбӣ мусоидат мекунад.

“Инчунин, маълумотнокии ниҳоят заифи сарбозон оиди ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои худ дар робита ба механизми ҳифзи ҳуқуқ ба сатҳи кушодашавӣ ва ҷалби гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ таъсир мерасонад”, - гуфтаанд, муаллифони мониторинг.

Онҳо зикр карданд, ки дар раванди даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ ва адои хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ ба дахлнопазирӣ, озодӣ аз ҳабсҳои худсарона, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил, ҳуқуқ ба кифояи зиндагӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ва махфияти мукотибот вайрон карда мешавад.

Акс аз ТҶ "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ"

Намояндаи Сарпрокуратураи ҳарбӣ гуфт, ки дар соли ҷорӣ тариқи телефонҳои боварии ин ниҳод, ки дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ насб шудааст, зиёда аз 80 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 20 адади онро ҷиноятҳои вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳоро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Вазорати дифоъ дар суханронии худ гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар самти мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо сатҳи содиршавии ҷиноятҳои марбут ба вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ва баромадан аз ҳадди ваклотҳои мансабӣ нисбат ба солҳои пеш хело кам шудааст, вале он роҳбарияти вазоратро қонеъ намекунад.

Ӯ дар робита ба кам шудани ин ҷиноятҳо омор пешниҳод накард ва танҳо гуфт “дар қисмҳои ҳарбӣ бо сарбозону афсарону суҳбату мулоқотҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, семинарҳо ва мизи мудаввар ташкил ва мегузаронанд”.

Муҳлати хидмат кам гардад. Тавсияҳо барои беҳбуди вазъ

Муаллифони мониторинг барои беҳтар кардани вазъ тавсия додаанд, ки тафсири қонуни нави уҳдадориҳои ҳарбӣ, ки соли 2021 қабул шуд, нашр ва муҳлати хидмати ҳарбӣ аз 24 моҳ ба 18 моҳ кам карда шавад.

Ҳамчунин, ба сарбозон имтиёзҳои бештар, мисли озодкунӣ аз пардохтҳои комуналӣ, таъини маоши ҳадди ақал барои сарбозоне, ки кӯдак доранд, дода шавад.

Насби камераҳо дар тамоми ҳудуди қисми ҳарбӣ, ба ҷавобгарӣ кашидани командирҳо барои муносибатҳои ғайриоинномавӣ, ташкили шуъбаи махсус дар назди Омбудсмен вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшаванда ва хидматчиёни ҳарбӣ, ба ҷавобгарӣ кашидани намояндагони ҳайати афсарие, ки барои пешгирии қоидавайронкуниҳо дар қисмҳои ҳарбӣ масъуланд ҳангоми ошкоршавии ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ, дастрасии бемамоният ба телефон низ пешниҳод гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Акс аз ТҶ "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ"

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд

Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар баробари ин, барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайраро низ пешниҳод шудааст, вале маълум мешавад, ки ин имтиёзҳо вазъро тағйир надодааст.

Масалан, бо вуҷуди гузашти қариб як ҳафта аз анҷоми маъракаи расмии даъвати ҳарбии тирамоҳӣ мақомот аз иҷрои нақшаи давъат хабар надодаанд. Коршиносон мегӯянд, ки сабаби эълон накардани нақшаи даъват иҷро нашудани он аст.

Баъзе аз сокинон ва коршинсон аз идомаи сарбозшикор дар кӯчаву фурудгоҳҳо шикоят мекунанд.

Омилҳои иҷро нашудани нақшаи даъвати ҳарбии имсоларо дар мақолаи “Нақшаи давъати ҳарбӣ дар Тоҷикистон иҷро нашуд?” хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.