9-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди коррупсия аст. Бо ин баҳона, мо бо сокинону меҳмонони Душанбе оид ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии он сӯҳбат кардем.

Аксари кулли сокинон гуфтанд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб аст, аммо ба саволи “оё решакан кардани коррупсия имкон дорад?” посухҳо гуногун буд.

Бархеҳо бар он ақидаанд, ки фасод дар ҷомеаи мо решаи устувор давондааст. Нафарони дигар гуфтанд, ки “айб дар худи мост ва агар мо худ мубориза барем, коррупсияро бартараф карда метавонем”.

Таърихи ин рӯз аз 9-уми декабри соли 2003, аз рӯзи қабули Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди коррупсия, сарчашма мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.