Ширкати IRS хабар медиҳад, ки бо вуҷуди давомдору пуршиддат будани бориши борону барф дар масири Душанбе - Чаноқ, ин роҳ барои ҳаракати нақлиёт кушода аст.
“Тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш мунтазам амалӣ шуда истодааст”, - зикр мегардад дар хабари нашршуда дар саҳифаи Facebook-и ширкат.
Гуфта мешавад, бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, гузариши фура ва автомобилҳои боркаши притсепдор муваққатан маҳдуд гардид.
Зимнан аз ронандагон хоҳиш шудааст, ки бидуни омодагии ба мавсими сармо хос ба роҳ набароянд ва ҳангоми ҳаракат эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар дохили нақби "Дӯстӣ" (мавзеи Майхура) бо иштироки автомашинаи боркаши бузургҳаҷм (Фура) ва “Спринтер” садамаи нақлиёт рух дода, ҳаракати нақлиёт муддате муваққатона манъ шуда буд. Айни замон паёмади садама бартараф шуда, хушбахтона, касе дар ин садама осеб надидааст.
Қобили зикр аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ ягона роҳе аст, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад. Ҳамасола бо фаро расидани зимистон, дар пайи боришоти барфу фаромадани тарма, садамаҳои мудҳиш ё фуромадани сангу садамаи мошинҳои ҳомили газ ин роҳ барои муддате баста мешавад.
Дар Тоҷикистон барои монеи таҳсили хонандагон шудан ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Кишти баҳорӣ дар Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист, вале камобӣ эҳсос мешавад
Дар семоҳаи аввали соли 2024 чӣ қадар тоҷикистониён ба Русия рафтаанд?
Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ бармегардад
Афғонистон аз ҳуқуқи овоздиҳӣ дар СММ барои пардохт накардани аъзоҳаққӣ маҳрум шуд
Вазири корҳои дохилии Русия: “Муҳоҷирон ҳамагӣ ба 4%-и ҷиноятҳо даст доранд”
Дар Тоҷикистон кӯдакон дигар идгардак намекунанд
Кӣ ва чӣ тавр ба тоҷикон дар Русия кӯмак мекунад?
КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста