Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумори парвозҳоро тариқи хатсайри Душанбе - Хуҷанд - Душанбе зиёд мекунад. Ба ин тариқ, аз 16 декабр парвозҳо бо ин хатсайр ҳамарӯза анҷом дода мешаванд.

Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад, ин иқдом бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба равуо дар ин самт рӯйи даст гирифта мешавад.

Ин аввалин таҷрибаи афзоиши шумори парвозҳо бо ин хатсайр дар мавсими зимистон нест. Ҳамасола дар ин мавсим ширкат шумори парвозҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд зиёд мекунад, то ки сокинони ин шаҳрҳо имкон дошта бошанд, ки саривақт ва бехатар ба нуқтаи таъинот бирасанд.

Ҳамаи парвозҳо аз пойтахт ба шаҳри Хуҷанд ва бозпас аз он ҷо бо ҳавопаймоҳои Боинг-737 иҷро карда мешаванд.

Барои шиносоӣ бо ҷадвали парвозҳо ва масоили харидории билетҳо дархост мекунем, ки бо телефонҳои зерин ба маркази хидматрасонии ширкат муроҷиат намоед: 44-640-40-49 ва 44-640-40-50.

Айни замон ширкати “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон муваффақона парвозҳо анҷом медиҳад. Барои хидматрасонӣ ба мусофирон ширкат ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.