Барои фаъолгардонии бонувон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар чӣ корҳо бояд амалӣ шаванд? Чӣ бояд кард, то дар зеҳни ҳар як узви оила ва ҷомеа нисбат ба ҳама намудҳои зӯроварӣ тоқатнопазирӣ ташаккул ёбад?

Замони роҳбарии Махфират Хидирзода дар Кумитаи кор ба занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2013 то соли 2016) якчанд санади муҳим бо мақсади рушди оила, беҳгардонии вазъи занон, ҳамчунин пешгирии зӯроварӣ қабул карда шуд. Оё баъд аз он дар ҷомеа ягон тағйироти марбут ба коҳиши хушунати хонаводагӣ мушоҳида мешавад?

Дар давраи фаъолияти ӯ ба ҳайси муовини раиси вилояти Хатлон, ки фарогири солҳои 2016-2019 буд, таҳти роҳбарияш гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуд. Оё ин гурӯҳ то ҳол фаъолият дорад ва усули байниидоравиии пешгирии зӯроварӣ бо механизми бозравонӣ то кадом андоза ба ҷабрдидагон кумаки саривақтӣ мерасонад?

Телефонҳои боварӣ ё дигар воситаҳои тамоси фаврӣ то кадом андоза барои пешгирии зӯроварӣ дар оила ё ҳалли пайомадҳои ин зуҳуроти номатлуб ёрӣ мерасонанд?

Фарҳанги “волидии мусбат”-ро дар байни мардум чӣ хел метавон ҷорӣ кард, то муносибати сахтгирона ва ҷазои бераҳмонаи кӯдакон дар оилаҳо аз байн рафта, калиди муваффақият барои мустаҳкамсозии робитаҳои хонаводагӣ ва шукуфоии ҷамъият фароҳам шавад?

Ин ва дигар масоили муҳими хонавода, ҷомеа ва кишвар дар таҳлилу баррасии доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода пешкаши бинандагон мешавад. Суҳбаторо – Субҳон Ҷалилов.

Видеоподкасти “Оила – макони меҳрубонӣ” бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид "Нури рӯшноӣ" таҳия шудааст.