Рӯзҳои 14-17-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Қунияи давлати Туркия бахшида ба солрӯзи даргузашти шоиру мутафаккири шинохтаи тофику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошаҳомати “Ҳафтаи Мавлоно” таҷлил гардид. Соли ҷорӣ аз даргузашти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 750 сол сипарӣ шуд.

Бахшида ба ин сана, дар баробари чорабиниҳои гуногун, дар шаҳри Қуния, маконе, ки турбати шоиру мутафаккири шинохта хуфтааст, маросими “Шаби Арус” низ доир шуд, ки дар он расонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок карданд.

Аз ҷумла, чанде аз рӯзноманигорони Тоҷикистон бо даъвати Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия низ имкон пайдо карданд дар ин чорабиниҳо иштирок карда, шоҳиди таҷлили зодрӯзи ин мутафаккири бузург дар Туркия гарданд.

“Шаби Арус” фалсафаи даргузашти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст.  Ба андешаи ӯ, “Шаби Арус” лаҳзаи ба ҳам пайвастани ду қисм аст. Ин шаби арусӣ аст, ки ду нафари ҳамдигарро дӯстдошта, ба ҳам мерасанд. Мавлоно дидори худро пас аз марг бо Худованди мутаъол ба шаби арусӣ ташбеҳ мекунад. Бо ин роҳ Мавлоно ба наздиконаш васият мекунад, ки пас аз марги ӯ бисёр андӯҳ нахӯранд. Аз ин рӯ, шурӯъ аз соли 1952 ҳамасола 17-уми декабр, дар рӯзи даргузашти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ “Шаби Арус” таҷлил карда мешавад.

Маросим бо мусиқии ирфонӣ ва қироати порчаҳо аз осори Мавлоно аз асари безаволи ӯ – “Маснавӣ” оғоз шуд. Ҳамчунин, маросими рақси Само низ доир гардид, ки тамошобинонро мафтуни худ кард. Рӯзноманигорон инчунин мақбараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро низ зиёрат карданд.

1/7

Бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бузургтарин шоири ирфонии тасаввуф, классики адабиёти ҷаҳонӣ буда, осори ӯ, бахусус асари бисёрҷилдаи ӯ “Маснавӣ” на танҳо як асари комили шоирона, балки як навъ донишномаи тасаввуф маҳсуб мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.