Дар пайи шикояти зиёди сокинон аз афзоиши бемории роҳҳои нафар, шубҳаи онҳо ба маҳви пурраи бемории коронавирус дар Тоҷикистон ва эҳтимоли вуҷуди бемории навъи COVID - Omicron XBB, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ нашр карда, гуфт, ки “ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок”.

Ин ниҳод навишт, ки аз ҳар нафари бо нишонаҳои бемории шадиди роҳҳои нафас ба беморхона муроҷиаткарда ташхиси COVID-19 гирифта мешавад.

“Хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест”, - менависад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ба навиштаи ин ниҳод, ҳамасола бо омадани мавсими сармо гирифторӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар меафзояд ва ин як ҳолати маъмулист.

“Ба ин беморӣ ашхоси тамоми синну сол, алалхусус, кӯдакону пиронсолон, ки масуният (иммунитет)-и заиф доранд, гирифтор мешаванд”, - навиштааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Аз ин лиҳоз, ин ниҳод аз сокинони кишвар хостааст, ба “маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез” бовар накарда, ба тавсияи мутахассисони соҳа таваҷҷуҳ намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳоле вуҷуди бемории коронавирус дар кишварро рад мекунад, ки тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаррасонҳо хабари сабти навъи нави коронавируси COVID - Omicron XBB паҳн гардида, таъкид мешавад, ки “бинобар дар гардиш будани ин навъи вирус сокинон аз ҷойҳои серодам канорагирӣ кунанд, масофаи иҷтимоиро нигоҳ доранд, ниқоб пӯшанд ва дастони худр зуд-зуд шӯянд”.

Бояд гуфт, Тоҷикистон аз камтарин кишварҳоест, ки ҳанӯз оғози соли 2022 аз “маҳв”-и пурраи коронавирус дар кишвар хабар дода буд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 18-уми феврали соли 2022 дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.

Дар ин байн, чандин нафар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ташхиси мусбати бемории коронавирус иттилоъ доданд, аммо ҳеҷ ниҳод инро расман тасдиқ накард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.