Рӯзи 29-уми декабри соли 2023 маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардида, дар он адибони ҷавон ба узвият пазируфта шудаанд.

Ба иттилои Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адибони зерин ба узвияти ин иттиҳод пазируфта шуданд:

Синои Абӯалӣ – шоир

Шаҳриёр Олимӣ – шоир

Баҳманёр Саид (Баҳман) – шоир

Адибаи Ҳабиб – шоир

Бузургмеҳри Ҳаким – шоир

Садриддин Ҳасанзода – шоир

Наргиси Муродалӣ – нависандаи осори бачагона

Инчунин, як шоири тоҷик аз Ӯзбекистон ва як нависандаи тоҷики ӯзбекзабон ба узвияти Иттифоқи нависандагон шомил шудаанд:

Файзулло Абдулазизов - нависандаи ӯзбекизабон

Асадулло Исмоилзода - шоир (узви ифтихорӣ, аз шаҳри Самарқанд)

Бояд гуфт, дар гузашта атрофи узвияти адибон дар ин созмон баҳсҳо зиёд будааст. Чанд сол пеш роҳбарияти Иттифоқи нависандагон масъалаи “аз сафи аъзоёни ин созмон ихроҷ намудани адибони тасодуфӣ”-ро дар миён гузошт ва дар натиҷа, чанде аз шоирону нависандагон аз аъзогии ин созмон хориҷ карда шуданд.

Он замон гуфта мешуд, ки чунин тасмим ба хотири поксозии сафи Иттифоқи нависандагон аз “адибони тасодуфӣ ва камҳунар, ки аслан аз соли 2010 то соли 2015 шомили иттифоқ шудаанд”, гирифта шудааст.

Ин тасмим як баҳси тундеро миёни адибон ба бор овард ва бештари адибон онро кори нодуруст унвон карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.