Муҳаммадӣ Лолахонов, як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон пораи ҷигарашро ба ҳамсараш додааст.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҷарроҳии мазкур дар Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсонии ин вазорат гузаштааст ва ҳолати беморон ҳоло хуб арзёбӣ мешавад.

Муҳаммадӣ Лолахонов ва ҳамсараш дар навор мусоҳиба дода, вазъи саломатиашонро хуб зикр мекунанд.

"Ман ҳамсарамро нағз мебинам. Мехоҳам садсолаҳо болои сари фарзандонам саломат бошад", - мегӯяд шавҳари бемор.

Гуфтан ба маврид аст, ки ба ҳамсари худ додани порае аз узви бадан аз сӯи шавҳар дар Тоҷикистон камсобиқа аст ва чунин гузоришҳо қариб расонаӣ намегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.