Аз аввали соли хабарҳои хуш расиданд. Пас аз гузоришҳои мо аз минтақаҳо дар ниҳояти кор ба ҳалли мушкилоти сокинони он оғоз карданд. Ҳарду гузориш аз ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таҳия гардида, мушкилоти тамоман гуногунро дар бар мегирифтанд.

Дар деҳаи Ибрати Боло сокинони он 3 сол боз интизори мактаби наванд. Ҳанӯз моҳи сентябри соли 2020 зимни сафари кориаш президент Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони муассиса санги асос гузошта буд. Сохтмон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардида буд. Вале пас аз деҳа рафтани меҳмони олимақом, сохтмон ба таъхир афтод.

Гузориши видеоӣ дар канали “Азия-Плюс” дар YouTube моҳи сентябри соли гузашта нашр шуда буд. Инак, ба иттилои журналисти таҳиягари ин гузориш, сохтмони мактабро аз сар гирифтаанд. Ва натанҳо инро. Паймонкоре, ки бояд ин мактабро месохт, боз якчанд муассисаи сохтмонашон нотамомро доштааст. Акнун паймонкор дар якчанд иншоот корашро барқарор ва ба охир мерасонад.

Ошёнаи якуми мактаб аллакай сохта шуда, ба бунёди ошёнаи дуюми иншоот оғоз кардаанд.

Мактаби зикршуда
Сурат аз ҷониби Хоҷа Назрӣ пешниҳод шуд

Гузориши дигар аз деҳаи кӯҳистони Хоҷа Муъмин дар бораи ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоштани аҳолии он бахшида шуда буд. Барои ба хона овардани он занон заҳмати зиёд мекашиданд, ҳатто барои писаронашон барои об надоштан духтар намеёфтанд, бо ин сабаб байни сокинони деҳа муноқишаҳо рух медоданд.

Ин гузориш барвақттар - моҳи апрели соли 2023 нашр шуда буд. Акнун соҳибкорон ба ин деҳа об оварда, мушкили аҳолӣ ҳал шудааст ва сокинон аз ин хеле хурсанданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.