Дар Тоҷикистон пешниҳод мекунанд, ки низоми нави баҳогузории 10-хола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ шавад.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин масъала дар меҳвари ҷаласаи васеи гуруҳи корӣ, ки рӯзи 9 январ дар Душанбе таҳти раёсати вазири маорифи ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода баргузор шуд, қарор дошт.

Ҷаласа мутахассисони варзида ва роҳбарони соҳаи маорифро бо шумули намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои гуногун гирдиҳам овард.

Сурат: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Зимни ҷаласа директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Асадулло Наҷмиддиниён лоиҳаи «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузори 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм Раҳмоналӣ Мирзозода дар мавзӯи «Баҳогузорӣ ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза кард.

Гуфта мешавад, зимни баррасии масъалаҳои мазкур вазири маориф ва илм оид ба ислоҳоти соҳаи маориф ва зарурати гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ суханронӣ намуд.

Ӯ масъулон, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро муваззаф намуд, ки ҷиҳати амалӣ шудани низоми нави баҳогузорӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон низоми баҳогузории 5-хола амал мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.