Дирӯз, 25-уми январ, дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳи рассоми тоҷик Исуф Сангов таҳти унвони “Роҳи паймуда” ифтитоҳ гардид.
Намоишгоҳ бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ва бо дастгирии оилаи рассом ташкил шудааст.
Дар умум, дар намоишгоҳ 54 мусаввараи рассом, ки ғолибан солҳои охир тасвир ёфтаанд, ба маъраз гузошта шудаанд.
Намоишгоҳи мазкур аҳли зиёи кишвар, дӯстону ҳамкорони рассом ва ошиқони зебоиву санъатро ба ҳам овард. Ҳозирин оид ба нақши муҳимми Исуф Сангов дар рушди санъати тасвирии кишвар ва рангорангии тасвирҳои ӯ ҳарф зада, саҳми мусаввирро дар таълими насли нави рассомони тоҷик махсус қайд намуданд.
Исуф Сангов Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ буда, бештар бо лавҳаҳои кошинкории худ, ки намои биноҳои Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе ва Суди конститутсионии ҷумҳуриро оро медиҳанд, маъруф аст.
Намоишгоҳ тӯли як моҳ идома ёфта, ҳамарӯза, аз душанбе то шанбе, дар соатҳои кории донишкада кушода аст.
Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, изҳороти Сергей Лавров “бо вазъи воқеӣ мувофиқат намекунад”
Даргузашти муҷассамасози шинохта Игор Иванов
Баъди супоридани нота Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи БАТР сохта мешавад
Дар робита ба таҷлили Иди ғалаба ва Рӯзи ваҳдати миллӣ реҷаи корӣ тағйир меёбад
20 сол чашминтизори шавҳари муҳоҷир. Чаро Марҳаборо “Зани оҳанӣ” мегӯянд?
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як мансабдори ҳукумати Исфара
Даҳбеди Самарқанд: Аз пайравии нақшбандия то се мавҷи муҳоҷират
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз ҳамкорӣ бо БАТР умедвориҳои калон дорем”
“Русия бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад!”. Як созмони ҷаҳонӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик шиканҷаи гумонбарони “Крокус”-ро маҳкум карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста