Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дирӯз, 25-уми январ, чоргоник таваллуд шудааст. Ин дуюмин ҳолати таваллуди чоргоник дар Тоҷикистон аз оғози соли ҷорӣ аст. Чоргоники аввал ду ҳафта қабл дар шаҳри Бохтар ба дунё омада буд.

Хабари тавалуди чоргоники навбатӣ дар кишварро дар беморхонаи “Итиқлол” тасдиқ намуданд, вале аз додани маълумоти бештар худдорӣ карданд. 

Аммо дар шабакаи иҷтимоии фейсбук хабар медиҳанд, ки чоргоникҳо се духтар ва як писар мебошанд.

Кӯдакон тариқи ҷарроҳӣ ба дунё омада, вазни онҳо аз 1,8 кг то 2,2 кг мебошад.

Ёдовар мешавем, ки чоргоники авввал дар соли ҷорӣ 14-уми январ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ба дунё омад. Ба “Азия-Плюс” аз беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон хабар доданд чоргоникҳо ду писару ду духтар таваллуд шудаанд, ки вазни онҳо аз 1,6 кг то 1,7 кг будааст.

Модари кӯдакон Миҷгона Асоева, сокини деҳаи Қизилқалъа, пеш аз таваллуди чоргоник як фарзанд ба дунё овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.