Дар қаламрави ҷумҳурӣ хатари тармафароӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад.

Аз ҷумла гуфта мешавад, рӯзҳои 20 то 24 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии ВМКБ, минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ (хусусан километрҳои 45 то 82-юми шоҳроҳ) хавфи сар задани зуҳуроти тарма ва сангреза боқӣ мемонад.

Тарма роҳро баст

Ба иттилои КҲФ, шоми рӯзи 19 феврал дар километри 159-уми роҳи мошингарди Душанбе - Айнӣ тарма фаромад.

Барои анҷоми корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсуси хадамоти истифодаи роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) сафарбар карда шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва амнияти мусофирон дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ҳаракати нақлиёт аз ҳарду тараф муваққатан қатъ шуд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ширкати IRS хабар доданд, айни замон бар асари боришоти шадид ҳаракати нақлиёти калонҳаҷм (фураҳо) ва мошинҳои ядакдор дар роҳи Душанбе - Чаноқ манъ шуда, ба равуои мошинҳои сабукрав иҷоза дода шудааст.

“Мошинҳои бузургҳаҷми боркаш ҳолатҳои танбашавиро ба вуҷуд меоранд, аз ин рӯ ҳаракати онҳо муваққатан манъ шуд. Лекин ояндаи наздик ба ҳаракати онҳо низ иҷоза медиҳем”, - гуфтанд дар филиали ширкат.

Зимистони ҳақиқӣ

Ба иттилои обуҳавошиносон, боришот дар қаламрави кишвар дар шакли борону барф боз чанд рӯзи дигар идома меёбанд. Ҳаво сард мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар вилояти Суғд ҳарорат рӯзона ва шабона то 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар водиҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ин рӯзҳо ҳарорат дар ҳудуди аз 1 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

КҲФ хотираасон менамояд, ки бар асари барфи борида дар ноҳияҳои ВМКБ, кӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Сангвор, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб хатари зиёди фаромадани тармаву сангреза ва яхбандӣ дар роҳҳо боқӣ мемонад.

КҲФ бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳои пурбориш аз сафарҳои бидуни зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ кунанд ва чораҳои бехатариро риоя намоянд.

Дар сурати рух додани ҳодисаҳои фавқулода ва нохуш ба телефонҳои зерин занг занед: 112 ё 93 880 28 19.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.