Сокинони пойтахти Тоҷикистон аз охири ҳафтаи сипаришуда бо маҳдудияти шадиди интиқоли барқ дучоранд.

Қатъи интиқоли барқ рӯзҳои истироҳати гузашта дар микрорайонҳои канори шаҳр оғоз гардида, одамон муддати 3-4 соат бе барқ монданд.

Давоми ду рӯзи охир бошад, миқёси қатъи интиқоли барқ васеъ шуд: ҳатто дар қисмати марказии Душанбе низ ин амал ба мушоҳида расида, он ба ҳаёт ва кори сокинони шаҳр таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ҷумла дирӯз, 28 феврал дар дафтари кории хабаргузории “Азия-Плюс” кор қариб ғайриимкон буд, зеро интиқоли барқ ҳар як 10 дақиқа қатъ мешуд: яъне 8-10 дақиқа барқ ҳаст, сипас он муддати 40 дақиқа ё зиёда аз 1 соат хомӯш мешавад ва баъд боз интиқолаш барқарор мегардад.

Дафтари кории хабаргузории "Азия-Плюс"
Сурат: Asia-Plus

Дар ҳамин ҳол, сокинони пойтахт шикоят мекунанд, ки таъсири манфии маҳдудиятҳо аз хомӯшии мақомоту ширкатҳо ва шаҳрдорӣ дар бораи сабаби қатъи барқ ​​боз ҳам бештар мешавад ва ин муносибатро “беэҳтиромӣ ба ҷомеа” унвон мекунанд.

Бисёриҳо ошуфтаанд, ки шаҳр чанд рӯз аст, ки давра ба давра бе барқ ​​монда, вале то ҳол муроҷиати дахлдор аз ҷониби мақомот сурат нагирифтааст.

“Дар Норак об кам аст”

Қобили зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ин робита ба шаҳрвандон муроҷиат намуда, бо истинод ба ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудиятҳо дар интиқоли барқро “ба поинравии сатҳи об дар обанбори Норак” шарҳ дод.

Гуфта мешавад, таъмин бо барқ дар ҳаҷмҳои пешина метавонад ба шадидтар шудани вазъияти камбуди барқ дар моҳи оянда боис гардида, ба иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонад.

“Тадбирҳои андешида муваққатианд, онҳо барои як давраи муайян пешбинӣ шуда, пас аз ба эътидол омадани вазъият, рӯзҳои наздик маҳдудиятҳои интиқоли барқ бекор мешаванд”, - таъкид месозанд муаллифони муроҷиат.

Дар муроҷиат аз сокинони шаҳри Турсунзода даъват мешавад, ки сабабҳои маҳдудияти ҷоришударо дуруст фаҳманд.

Ёдрас мекунем, ки дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон, ки ҳудуди 70%-и аҳолии кишвар дар онҷо зиндагӣ мекунад, аз 20 сентябри соли гузашта нерӯи барқ ​​ба миқдори маҳдуд интиқол дода мешавад. Мардум шабонарӯзӣ ҳамагӣ 8-9 соат - субҳ 3 соат ва шаб 5-6 соат бо барқ таъмин мешаванд.

Аммо ҳафтаи ахир вазъият дар минтақаҳо боз ҳам душвортар шуд: баъзан тамоми шабонарӯз ба мардум барқ дода намешавад. Дар ҳамин ҳол, бо маҳдудиятҳои шадид ба мисли пешина натанҳо хонаводаҳо, балки муассисаҳои тиббӣ, мактабу нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва савдо дучор мешаванд.

Маълум нест, ки кай интиқоли барқ доимӣ мешавад

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар ин робита изҳор намуд, ки муҳлати бекор шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) дар ҷумҳурӣ ҳоло маълум нест.

“Теъдоди аҳолии кишвар босуръат зиёд ва сатҳии зиндагӣ беҳтар шуда, мутаносибан талабот ба барқ низ афзоиш меёбад”, - иброз дошт ӯ.

Сурат: finobzor.ru

Раҳбарияти Вазорати энергетика низ сабаби маҳдудияти интиқоли барқро афзоиши босуръати иқтисоди кишвар ва тағйирёбии иқлим маънидод кард.

Дар Вазорат зикр карданд, ки ҳаҷми боришот дар мавсими тирамоҳу зимистон дар муқоиса бо ҳамин давраи солҳои 2022-2023 қариб 95% кам шуд, ки ба маҷрои об дар дарёи Вахш таъсири манфӣ расонид. Иқтидорҳои асосии энергетикии кишвар дар ҳамин дарё сохта шудаанд.

Реҷаи маҳдуди интиқоли барқ (лимит) дар Тоҷикистон ҳамасола охири моҳи сентябр - аввали октябр оғоз гардида, то моҳи апрел давом мекунад. Муҳлати амали он ба шароити обуҳаво ва афзоиши ҳаҷми об дар дарёи Вахш вобаста аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.