Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ваъда кардааст, ки барои кормандоне, ки дар соли 2024 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя мекунанд, аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ мукофот медиҳад. Дар ин бора Талабшо Иҳромов, сухангӯи ДМТ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯзи пеш бо пешниҳоди Эмомалӣ Насриддинзода, ректори ДМТ ва қабули Шӯрои олимони донишгоҳ ин ташаббус роҳандозӣ шуд.

“Акнун то охири сол барои устодони донишгоҳ, ки рисолаи номзадӣ дифоъ мекунанд, 20 ҳазор сомонӣ ва барои барои устодони донишгоҳ, ки рисолаи докторӣ дифоъ мекунанд, 30 ҳазор сомонӣ дода мешавад”, - гуфт Иҳромов.

Сухангӯи ДМТ афзуд, маблағҳо дар охири соли 2024 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ба устодон тақдим карда мешавад.

Тавре ӯ гуфт, ин ташаббус дар пайи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» роҳандозӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои афзоиши теъдоди устодони дорои дараҷаи илмӣ, пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ, барои номзади илм аз 3 ҳазор то 10 ҳазор сомонӣ ва барои доктори илм аз 10 ҳазор то 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти оморӣ теъдоди унвондорони илмӣ дар Тоҷикистон беш 5 ҳазору 300 нафарро ташкил медиҳад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.