Темуралӣ Наврӯзов, сокини ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар пайи низои моҳи апрели соли 2021 миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз як пой маҳрум шуд.

Ӯ имрӯз пойи сунъӣ гузоштаву бе кумаки касе ҳаракат мекунад, аммо мегӯяд, наметавонад “садои тирро фаромӯш кунад”.

“Захмҳо шифо ёфтанд, мушкили роҳ гаштан бартараф шуд, вале садои тир фаромӯш нашудааст. Ҳамеша бо андешаи такрори ҳодисаҳои даҳшатнок зиндагӣ мекунам”, - мегӯяд Темуралӣ Наврӯзов.

Дарвоқеъ, низоъҳои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар баробари таъсири манфӣ ба тиҷорату равуо ва амволи сокинони манотиқи марзӣ ба равони онҳо низ осеби ҷиддӣ расониданд. Қисме наздикону пайвандонашонро аз даст доданд, қисме аз хонаву манзилашон маҳрум шуданд, қисми дигаре зери туру туфанг монданд ва бо гузашти қариб се сол бо тарсу ваҳм зиндагӣ мекунанд.

То имрӯз ба ғайр аз барномаҳои кӯтоҳи инфиродӣ бо оилаҳои наздиконашонро аз даст дода касе ба сокинон кумаки равонӣ намерасонад. Мо аз коршиносон пурсидем то куҷо кумаки равонӣ дар ин ҳолатҳо зарур аст ва чӣ гуна бояд гузаронида шавад.

Темуралӣ Наврӯзов
Акс аз муаллиф

Муаззама Ғаниева, сокини дигари ин ҷамоат дар авҷи низои охири марзӣ тарки манзил кард ва ба хонаи пайвандонаш ба минтақаи дур аз сарҳад ва маркази ноҳия паноҳ бурд. Ӯ мегӯяд, чандин моҳ дар хонаи пайвандонаш зист, зеро аз бозгашт ба хонаи худ ҳарос дошт.

“Метарсидам ва то ҳол метарсам, ки боз даргирӣ нашавад. Он ҳама садои тиру туфанг то ҳол дар гӯшам садо медиҳад ва ҳамеша бо эҳсоси тарс зиндагӣ мекунам”, - гуфт Муаззама Ғаниева.

Низоъ ба равони сокинони наздимарзии маҳалҳои Қирғизистон низ таъсир гузоштааст.

Як сол пеш Гулпарӣ, як сокини шаҳри Бодканди Қирғизистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шаш моҳи охир вай аз тарси ҷони худ, манзил ва муҳимтар аз ҳама аз амнияти фарзандонаш дар ташвиш аст”.

Ӯ нигаронӣ карда буд, ки бо ҷузвдони ҳомили ҳуҷҷатҳо ва ҳамеша барои тарки манзил омода шабҳоро рӯз мекунад.

Кӯдакон аз рафтан ба мактаб метарсанд

Бархе аз омӯзгорони мактаби ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара ҳам мегӯянд, баъди муноқишаи марзӣ кӯдакон аз рафтан ба мактаб метарсанд.

“Кӯдакон, занон ва пиронсолон ба ҳарос афтоданд. Давоми тақрибан як моҳи баъд аз низоъ кӯдакон аз рафтан ба мактаб метарсиданд ва то ҳол аз ҳаракат дар кӯчаҳои наздик ба сарҳад метарсанд. Албатта, омӯзгорон кӯшиш мекунанд, ки бо онҳо кор кунанд, аммо фикр мекунам, ки бо ин масъала бояд равоншиносони ҳирфаӣ машғул шаванд”, - гуфта буд Азиз, омӯзгори аз яке аз деҳаҳои ҷамоати Лаккон.

Вазъи рӯҳии қаҳрамонҳо собит мекунад, ки сокинони манотиқи марзӣ воқеан ба кумаки равонӣ ниёз доранд. Равоншиносон низ ироаи кумаки равониро зарур медонанд.

Фаромӯш кардани ин ҳодисаҳо кори якрӯза нест

Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик бар ин назар аст, ки барои кумаки равонӣ ба сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ аз чанд усул, аз ҷумла, гурӯҳҳои умумӣ, гендерӣ - яъне алоҳида бо занону мардон ва аз рӯи синну сол истифода кардан лозим аст.

Марям Давлатова

Ба таъкиди ӯ, бо шахсоне, ки дар ҳолати изтироби шадид қарор доранд, ба таври инфиродӣ кор кардан лозим аст.

“Бояд пешакӣ як пурсиш байни мардум гузаронида шавад. Пурсишномаро бояд равоншинос омода кунад. Дар асоси он корҳои мушаххасро ба нақша гирифтан мумкин аст. Баъдан, дар заминаи ин пурсишнома мавзӯи суҳбатҳои оммавӣ ва гурӯҳиро муайян кардан имконпазир мешавад. Дар асоси ин нақша, як дастаи равоншиносонро ба ин кор ҷалб кардан лозим аст”, - зикр кард Давлатова.

Вале ба гуфтаи ӯ, масъалаи ҷиддӣ - маблағгузорӣ аст, ки ҳоло давлат бимаи кори равоншиносӣ надорад, ҳукумати маҳал ё одамони оддӣ бошанд, имкони пардохти ин хидматро надоранд.

Ба таъкиди ин равоншиноси тоҷик, ба сокинони наздимарзӣ пеш аз ҳама, барои паст кардани изтироб, баромадан аз дипрессия ва кумак ба ҳамдигар дар вақти муноқишаҳо суҳбатҳои равоншиносӣ гузаронидан лозим аст.

“Фаромӯш кардани ҳамаи ин муноқишаву мушкилоте, ки ба сарашон омадааст, кори якрӯза нест. Офиятбахшии тӯлонӣ мехоҳад. Зеро инсонҳо гуногунанд, барои ҳар кас усулҳои хос зарур мешавад. Албатта, баъзе усулҳоро дар суҳбатҳои умумӣ ва гурӯҳӣ расондан мумкин аст. Вале қабул аз зеҳни ҳар нафар вобаста аст. Баъдан, шояд дар ин мавзӯъ наворҳои алоҳида таҳия карда, ба онҳо намоиш диҳем. Видеоро такроран тамошо кардану устувор кардан дар зеҳн имконпазир аст”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Оқибатҳои таъсири равонӣ метавонанд фалокатбор бошанд

Фирӯза Мирзоева, равоншиноси дигари тоҷик, ки бо қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона кор мекунад, гуфт, одамоне, ки чунин муноқишаҳоро аз сар гузаронидаанд, асосан аз бемории стресси пас аз осеби равонӣ (ПТСР) азият мекашанд.

Ба таъкиди ӯ, чунин нафарон бояд дарозмуддат табобат ва кумаки равонӣ гиранд.

“Умуман, кор бо афсурдагӣ низ хусусиятҳо худро дорад. Аслан, пас аз чунин ҳодисаҳо давоми як сол мардумро танҳо дастгирӣ мекунанд. Агар афсурдагӣ ё ғаму андӯҳ бартараф нашуд, он гоҳ дигар намуди кумакҳои равонӣ мерасонанд”, - зикр кард Мирзоева.

Ба гуфтаи ин равоншинос, бемории стресси пас аз осеби равонӣ танҳо пас аз тақрибан 6-9 моҳи пас аз ҳодиса ташхис карда мешавад. Агар бемор давраи барқароркунӣ нагузарад, оқибаташ метавонад фалокатбор бошад.

Дарди дили онҳоро бояд гӯш кард

Нигина Мамадҷонова, равоншиносе, ки таҷрибаи кор бо шахсони гирифтори бемории стресси пас аз осеби равониро дорад, гуфт, кумаки равонӣ ба чунин шахсон аз хислати худи онҳо вобаста аст ва аксаран бояд ба таври инфиродӣ расонида шавад.

Нигина Мамаҷонова

“Ба баъзеҳо писанд аст, ки ӯро гӯш кунанд, танҳо барои суҳбат кардану изҳори ҳамдардӣ ба наздаш оянд. Аммо одамоне ҳастанд, ки инро дӯст намедоранд, аз суҳбат худдорӣ мекунанд. Бинобар ин, бо чунин шахсон вобаста ба вазъашон муносибат бояд кард”, - зикр кард ин равоншиноси тоҷик.

Вале гуфт, албатта, беҳтар аст, агар онҳо равоншиносе дошта бошанд, ки ақаллан як маротиба дар як ҳафта вохӯранд.

Ба таъкиди Мамадҷонова, одам бо гузашти вақт бо осеби равонӣ зиндагӣ карданро меомӯзад, “тавре ки инсон шахси аз ҳама наздикашро аз даст медиҳад”.

“Вале дар муноқишаҳои марзӣ пайвандони одамон на бо марги табиӣ дунёро тарк мекунанд, балки кушта мешаванд. Дар ин ҳолат, изтироб амиқтар аст, инсон ин равандро хело вазнин паси сар мекунад ва инро ноадолатӣ мепиндорад. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос бояд хело эҳтиёткор буд ва ба инсонҳо барои хомӯш кардани изтироб кӯмак ва онҳоро бояд гӯш кард”, - афзуд Мамадҷонова.

Ин равоншинос ҳам мегӯяд, ки ин раванд вақт мехоҳад ва табобат то 2 сол метавонад давом кунад. Аммо, ба ҳар сурат, ба қавли ӯ, кумаки равоншиносони касбӣ барои ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштани одамони осебдида бисёр муҳим аст.

“Равоншиноси касбӣ бо саволҳои махсус ва дарсҳои гуногун мизоҷро ба ҳаёти муқаррарӣ метавонад баргардонад. Вале ин якбора намешавад. Танҳо бо гузашти як вақт ё давраи муайян, ки ин бештар ба худи шахс ё характери ӯ вобаста аст. Яъне, агар шахс меланхолик (шахсоне, ки ҳассосияти зиёд доранд) бошад, ин равандро душвор мекунад. Халерик (шахси ташкилотчӣ ва сахтгир) ва сангвиникҳо (инсонҳои дилхуш, хушмуомила) нисбатан ин равандро орому озодтар мегузаронанд”, - шарҳ дод Нигина Мамадҷонова.

Номбурда гуфт, ёрии равоншиносӣ доимӣ нест, он танҳо дар марҳилаи шадиди осеби равонӣ зарур аст. Дар идома шахс бо осеби равонии худ одат мекунад ва бо он зиндагӣ мекунад.

Кумаке, ки то ҳол расонида нашудааст

Бо вуҷуди муҳим буднаи кӯмаки равонӣ ба сокинони маҳалҳои наздимарзӣ, ки осеби равонӣ гирифтаанд, то ҳол мақомоти давлатӣ чораи мушаххасе наандешидаанд.

Сокинони аксари манотиқи наздимарзӣ ёд надоранд, ки бо онҳо равоншиносон ба таври гурӯҳӣ ё фардӣ суҳбат карда бошанд. Чанде аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, равоншиносе бо онҳо дар бораи осеби равонии аз низои марзӣ бардошта суҳбат накардааст ва онҳо худ бо дарди худ танҳо мондаанд ва теъдоде то ҳол садои тирро фаромӯш накардаву қисме бо ҳарос зиндагӣ доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.