Дар маркази Душанбе имрӯз дигаргуниҳои бузурги меъморӣ ҷараён доранд. Ин раванд боиси баҳсҳои комилан фаҳмо дар ҷомеа ва нигаронии сокинони Душанбе дар мавриди ҳифзи иншооти таърихӣ шудааст. Охирин чунин ҳодиса тасмими ахири шаҳрдорӣ дар мавриди бунёди як маркази нави тиҷоратӣ дар ҷойи бинои телевизиони "Сафина" мебошад.

Дар маркази ин баҳсҳо сарнавишти мероси таърихии мозаика (наққошӣ дар санг)-и “Шашмақом” қарор дорад, ки девори биноро зинат медиҳад.

Чӣ ҳодиса шуд?

Соли 1976 рассоми нақши деворӣ (монументалист) Асрор Аминҷонов аз санги табиӣ мозаикаи машҳури «Шашмақом»-ро офарид. Ин замонро метавон давраи шукуфоии ҳунари мозаика дар Точикистон номид. Маҳз дар солҳои 60-80-уми асри гузашта дар Тоҷикистон асарҳои барҷаста дар сабки реализми сотсиалистӣ, модернизм ва абстраксионизм (интизоъгароӣ) пайдо шуданд.

Рассом барои мозаикаи худ аз кӯҳсорони Тоҷикистон сангҳои табиӣ ҷамъоварӣ карда, сипас тамоми самимияти қалб ва истеъдоди фавқулоддаи худро дар он таҷассум намуд. Дар натиҷа мозаикаи «Шашмақом» ба шоҳасар табдил ёфта, дар он ҳар як ҷузъиёт саргузашти беназири худро баён мекунад. Аз ин рӯ, Аминҷоновро солҳо пас «падари мозаикаи сангкорӣ дар Тоҷикистон» унвон карданд.

Соли 2024 раиси шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки ин мозаикаи таърихиро барои наслҳои ояндаи шаҳрвандон боқӣ гузорад. Ин вазифа ба дӯши ширкати TГЭМ вогузор шудааст, ки дар мавзеи телевизиони «Сафина» бинои нав бунёд мекунад.

ТГЭМ коршиносонро ҷустуҷӯ дорад

Дар ҶСК ТГЭМ ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки арзиши мозаикаи “Шашмақом”-ро ба хубӣ мефаҳманд ва аз ин рӯ, бо тамоми ҷиддият ба вазифаи дар наздашон гузоштаи шаҳрдорӣ муносибат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи намояндаи ширкат, зимни интихоби коршиносон ба таҷрибаи онҳо дар мавриди ҳифз ва барқарорсозии иншооти таърихӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Дар натиҷа гурӯҳи коршиносони байнулмилалӣ таҳти раҳбарии муҳандис Андрей Рикшин интихоб шуданд. Маҳз ҳамин гурӯҳ корҳои ҳифз ва барқарорсозии мозаикаи Душанберо анҷом медиҳад.

Андрей Рикшин кист?

Рикшин муҳандиси таъмиргару барқарорсоз бо таҷрибаи зиёди сохтмон ва барқарорсозии иншооти таърихӣ дар Олмону Русия мебошад. Гузашта аз ин, маълум шуд, ки Андрей зодаи... Душанбе аст!

Андрей Рикшин
Сурат аз nopriz.ru

“Азия-Плюс” муҳандисро дар Олмон пайдо карда, бо ӯ дар тамос шуд ва гуфтугӯ кард. Маълум шуд, ки Андрей Рикшин - намояндаи сулолаи муҳандисон дар насли сеюм аст. Бобои ӯ Донишкадаи политехникии Керчро хатм карда, дар сохтмони Корхонаи металлургии Керч саҳм гузоштааст ва пас аз ин тибқи тақсимот барои кор ба сифати техник-муҳандис ба Тоҷикистон омада, минбаъд яке аз шуъбаҳои Госстрой (Сохтмони давлатӣ)-и ҷумҳуриро роҳбарӣ кардааст.

Модаркалони ӯ дар раёсати роҳу сохтмон ба ҳайси сармуҳосиб ифои вазифа намудааст. Дар ҳамин ҷо падари Андрей - Евгений ба дунё омадааст, ки дар бисёре аз иншооти сохтмон дар низоми Вазорати хоҷагии оби Тоҷикгипроводхоз” ба сифати сармуҳандис кор кардааст.

«Солҳои мактабхонӣ қариб тамоми вақти холии худро дар кори падарам мегузаронидам. Дар таътилҳо ӯ маро ба сафарҳои корӣ ба мавзеъҳои мухталифи Тоҷикистон мебурд ва аз кораш нақл мекард. Он замон ҳамроҳи падарам дурдасттарин гушаҳои ҷумҳурӣ - Хуҷанд, Ғарм, Кӯлоб, Панҷакентро тамошо кардам. Сафарҳо бо чархбол ба ноҳияҳои дурдасти Помир — Рӯшон, Хоруғ, кӯли Сарез, Ишкошим - дар ҳиссиёти ман ҳамчун муҳандис-бинокор як рӯҳияи романтикиро бедор кард.

Ҳамаи ин интихоби касби ояндаи маро муайян кард. Одатан мегӯянд, ки ҷойи таваллудро интихоб намекунанд, аммо дар мавриди ман касбамро ҳам интихоб накардаам. Он ба ман мерос мондааст!”, – мегӯяд коршинос.

Бо падараш дар Помир
Сурат аз бойгонии шахсӣ

Аввали солҳои 90-ум Андрей Рикшин ба Донишкадаи муҳандисиву сохтмони ба номи Куйбишев дохил шуд. Дарҳол пас аз анҷоми таҳсил дар соли 1995 ӯ дар ширкатҳои сохтмони Маскав бо касби худ ба кор оғоз намуда, аз вазифаи усто (прораб) то муовини раёсати сохтмон расид.

Соли 1997 ӯро барои кор ба Олмон даъват карданд. Дар ин ҷо, дар Мюнхен ӯ ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва назорат дар соҳаи сохтмон идома дод.

Дар соли 2000-ум муҳандиси ҷавон ҳаммуассис ва шарики идораи лоиҳакашӣ дар Мюнхен ва соли 2004 узви Палатаи муҳандисӣ ва сохтмони Бавария шуда, ба таҷрибаи тарҳрезӣ ва машваратии худ дар Олмон ва Русия идома дод. Рикшин 25 соли охир дар лоиҳаҳои барқарорсозии иншооти фарҳангии ҳарду кишвар фаъолона иштирок мекунад.

Дар барқарорсозии иншооти таърихӣ. Мюнхен, соли 2002
Сурат аз бойгонии шахсӣ

"Дарёфти тавозун байни кӯҳна ва нав"

Ба гуфтаи Андрей Рикшин, пешрафт дар шаҳрсозӣ ногузир аст, зеро ин як раванди табиист – шаҳрҳо бояд тағйир ёбанд, замонавӣ шаванд, вале дар баробари ин бояд мувозинати хотираи таърихӣ ва дигаргуниҳо дар шаҳри муосир нигоҳ дошта шавад, ки барои худшиносӣ муҳим аст.

Бо ҳамкораш аз идораи Мюнхен дар иншооти "Ауди-центр" дар ш.Аугсбург, ҶФО, соли 2023

"Яке аз тамоюлҳои асосии меъмории муосир ҳамгироии консепсияҳои навоварона ба заминаҳои таърихӣ мебошад, - мегӯяд Андрей. - Меъморон кӯшиш мекунанд, ки асолати шаҳрҳои кӯҳнаро тавассути ҷорӣ кардани қарорҳои муосир ва инфрасохтор, ки ба манзараи мавҷуда мувофиқат мекунанд, нигоҳ доранд. Ин на танҳо ба шаҳрҳо симои беназир мебахшад, балки фазои бароҳат барои зиндагӣ фароҳам меорад”.

Андрей Рыкшин ҷонибдори ин равиш аст ва на як бору ду бор дар таҷрибаи худ роҳҳои муваффақонаи навсозии иншооти фарҳангии мавҷударо дар шароити тағйирёбандаи муҳити шаҳр пайдо кардааст.

Ба ин тариқ, дар соли 2001 ҳамчун муҳандис дар татбиқи лоиҳаи таъмини ҳифзи боэътимоди шаҳрҳои асримиёнагии Олмон - Вюрти соҳили Майн ва Клингенберги соҳили Майн аз тез-тез обхезиҳо иштирок кард. Ҳадафи лоиҳа натанҳо муҳофизати бештари ин маҳаллаҳои аҳолинишин аз хатари офатҳои табиӣ, балки нигаҳдории намо (фасадҳо)-и соҳилии биноҳои таърихӣ буд. Гурӯҳи бузурги лоиҳа ҳалли илмӣ ва муҳандисиро ҳам барои порчаҳои маҷбур талафёфта ва ҳам барои нигоҳ доштани симои таърихии ин шаҳрҳо пайдо кард.

Обхезӣ дар Верти соҳили Майн

«Бар асари обхезии доимӣ шаҳрҳои қадим солҳо боз ба таъсири харобиовари офат дучор мешуданд. Мақомоти федералии Олмон тасмим гирифтанд, ки иншооти харобшудаи ин шаҳрҳоро барқарор намуда, ҳифзи боэътимоди онҳоро аз офатҳои табиии оянда таъмин кунанд.

Назди мо вазифаи душвор меистод: муайян кардани он, ки кадом иншооти таърихӣ бояд симои аслии худро пурра нигоҳ дошта, кадоме аз онҳо нав карда шаванд, - ба ёд меорад Рикшин. - Дар натиҷа, дастаи мо тавонист хислати нотакрори шаҳрҳоро нигаҳдорӣ ва роҳҳои ҳалли замонавиии муҳофизат аз обхезиро дарёфт кунад".

Дар баъзе кӯчаҳо деворҳои нави пешгирӣ аз тахриби биноҳо бар асари фишори об сохта шуданд, дар кӯчаҳои дигар системаҳои обногузар насб шуданд, масалан тирезаҳои хонаҳо обногузар шуданд, ба мисли тирезаҳои киштиҳои зериобӣ, ки ба фишори об тобоваранд.

1/3

Мутахассис зикр кард, ки бо вуҷуди дигаргуниҳои бузург дар сохтори шаҳрҳо, рӯҳи таърихии онхо бетағйир боқӣ монд.

«Бо вуҷуди ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳифз аз офатҳои табиӣ, имрӯз сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ метавонанд аз фазои биноҳои бостоние, ки дар шакли аслии худ боқӣ мондаанд, лаззат баранд», - иброз медорад номбурда.

Лоиҳаҳои Рикшин дар Маскав

Дар Русия муҳандис Рикшин ва гурӯҳи ӯ даҳҳо лоиҳаи барқарорсозиро амалӣ кардаанд. Аз намунаҳои муваффақонаи таносуби навсозии техникӣ ва барқарорсозии иншооти таърихӣ метавон Театри бадеии Маскав ба номи А. Чеховро ном бурд.

Дар ин ҷо таҳти роҳбарии Андрей Рикшин лоиҳаи дар ин бинои бостонӣ ҷорӣ намудани таҷҳизоти нави технологӣ ва дигаргун сохтани саҳнаи театр амалӣ шуд.

1/2

Талаботи муҳими лоиҳа ҳифзи фазои дохилии таърихии театр буд, ки беҳамтоӣ ва хусусияти қадимии онро таъкид мекард. Корҳои таҷдид бо диққати ҳадди аксар ба ҷузъиёт гузаронида шуданд, ки ин ба нигаҳдории муҳити гузашта имкон дод.

Навсозии техникии саҳна имкониятҳои актёрону коргардонҳоро хеле васеъ кард. Ҳоло саҳнаи Театри бадеии Маскав (МХАТ) қодир аст, ки ба ҳар гунае табдил ёфта, намоишҳои муосиртаринро ба саҳна гузорад. Дар баробари ин, тамошобинон ҳангоми дар толор буданашон ягон тағйиротро пай намебаранд, зеро фазои дохилии дақиқан нигаҳдоришудаи театр зоҳиран мисли пешина боқӣ мондааст.

Лоиҳаи навсозии гӯша (павилйон)-и кайҳонӣ дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ)-и Маскав боз як лоиҳаи муҳими ҳамдиёрамон ва намунаи барқарорсозии муваффақонаи мероси таърихӣ мебошад. Дар рафти корҳои барқарорсозии гӯша дар деворҳои дохилии толори гунбазпора пораҳои мозаикаи кӯҳнаи смалтии тиллоӣ ёфт шуданд. Ин ба гурӯҳи барқарорсозон бо роҳбарии муҳандис Рыкшин ҷиҳати эҳёи ин мозаикаи нодир илҳом бахшид.

1/2

«Дар аввал чунин вазифа надоштем, вале онро қабул карда, нақши таърихии амалкардӣ (функсионалӢ)-и гӯшаро ҳамчун ифтихори кишвар аз дастовардҳо дар соҳаи мошинсозӣ таъкид кардем. Барои мо муҳим буд, ки ин осори замонро барои наслҳои оянда, одамоне, ки ба таърихи гузашта шавқу рағбат доранд, нигоҳ дорем», - нақл мекунад Андрей.

Даромадгоҳи павилйони Космос

Рикшин ва гурӯҳи ӯ барои ин кор дар гӯшаи кайҳонӣ ба мукофоти бонуфузи ҳукумати Маскав «Барқарорсозии Маскав» дар категорияи беҳтарин лоиҳаи барқарорсозӣ ва мутобиқкунӣ сазовор дониста шуданд.

Илова бар ин, дастаи ӯ бо дипломи махсуси дараҷаи якум дар рейтинги миллии мустақили меъмории «Сарсутуни тиллоӣ»-и кумитаи тадорукотӣ мукофотонида шуд. Барои саҳм дар таҳияи назария ва лоиҳаи Маркази “Кайҳон ва авиатсия” дар ВДНХ ин кор аз ҷониби Думаи давлатии Маҷлиси федералии ФР низ дар шакли миннатдори қадрдонӣ шуд.

Тақдими мукофот барои беҳтарин лоиҳаи барқарорсозии павилйони Космос
Сурат аз ҷониби Андрей Рикшин пешниҳод шуд

"Барқароркунӣ машварати табибон аст"

Андрей Рикшин раванди таҳияи лоиҳаи барқарорсозиро бо шӯрои табибон муқоиса мекунад, ки дар бораи сарнавишти бемор - кандани узв ё кӯшиши наҷоти он тасмим мегиранд.

Ба ин монанд ҳангоми барқарорсозии осори фарҳангӣ ҳар як тасмим мавриди таҳлил қарор гирифта, фоидаву зиёни эҳтимолӣ ба инобат гирифта мешавад.

"Барқарорсозии мероси фарҳангӣ баррасии ҳама паҳлӯҳои мусбат ва манфии он аст, зеро ҳар як қадам метавонад барои чизе ба даст овардан ё баръакс, талаф додан боис гардад, - мегӯяд Рикшин. - Ин равандест, ки дар он барои таъмини устувории дарозмуддат, нигоҳ доштани тавозун байни ҳифзи мероси таърихӣ ва ҷорисозии тағйироти зарурӣ муҳим аст".

Ба эътиқоди мутахассис, барои худшиносии шаҳру миллат ҳарчи бештар ҳифзу нигаҳдории осори ёдгорӣ, арзиши бадеӣ ё фарҳангӣ муҳим аст, ки метавонанд ҳамчун хотира боқӣ монанд.

Агар иншоот ёдгории фарҳангӣ бошад, пас онро тавре ки муаллиф ният кардааст, бо камоли эҳтиёт ва сифат ҳифз кардан зарур аст. Ин хоҳиши мувозинат ва созиш як ҷузъи асосии раванди барқарорсозӣ мегардад, ки дар он ҳар як қарор ба нигаҳдории мероси фарҳангӣ ва дарки шаҳр дар маҷмӯъ таъсир мерасонад.

Бо ҳамкорон дар корҳои барқарорсозии павилйони Космос дар ВДНХ

Андрей даъвати иштирок дар корҳои ҳифзи мозаикаи «Шашмақом»-и Душанберо пазируфт, зеро ин лоиҳа барои ӯ танҳо фармоиши одӣ нест. Ба эътирофи муҳандис, ин як навъ бозгашт ба решаҳо, даврони кӯдакӣ, мероси фарҳангӣ аст, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ӯ шудааст.

Коршинос ҳар як пораи мозаикаро як муаммо, як пораи таърихи тоҷикон медонад, ки дар ҳар як ҷузъиёти он рӯҳи гузаштагон нуҳуфта аст.

“Мафҳуми «меъморӣ — мусиқии яхбаста» аст ва маҳз дар мозаикаи «Шашмақом» он бештар таҷассум ёфтааст. Ман дар ин ҷо муқоисаҳо (метафораҳо)-и зиёдеро мебинам. Ин натанҳо сабти мероси ғайримоддӣ - мусиқии шашмақом аст, ки тӯли асрҳо бидуни навиштан дар нотаҳо аз насл ба насл гузаштааст. Ин "мусиқии сангҳо" ҳам ҳаст, ки рамзи сарвати кишвари кӯҳистон аст, - зикр мекунад Рыкшин. - Аз ҳадяҳои табиат дар шакли паннои рангоранги «Шашмақом» сабти ёдгорие сохта шудаааст ва он на дар нотаҳо, балки дар санг сабт шудааст...».

Ҷараёни ҳифз ва барқарорсозии мозаика чӣ гуна сурат мегирад

Ба гуфтаи мутахассис, кор оид ба мозаикаи "Шашмаком" аллакай оғоз шудааст. Андрей чанде пеш ба Душанбе омад, то ки арзёбии аввалияро гузаронида, усулҳои имконпазири ҳифз ва истифодаи муосири осори меъмории таърихиро баррасӣ кунад.

«Мо барномаи зина ба зинаи кор бо мозаикаро таҳия мекунем. Якчанд шакли ҳифзу барқарорсозӣ вуҷуд доранд. Дар ояндаи наздик ният дорем боз биёем, то омӯзиши муфассалтарро оғоз намуда, вариантҳои лоиҳаро ҷиҳати тарҳрезии пешакӣ ва нақшаҳои интиқоли мозаика таҳия кунем ", - мегӯяд Андрей Рикшин.

Имрӯз дониши кофии муҳандисӣ мавҷуд аст, ки ба интиқоли хушсифат ва ҳифзи иншооти мероси фарҳангӣ имкон медиҳад. Бо пешниҳодҳои ғайриимкон аз сармоягузори маркази тиҷоратӣ - ширкати ТГЭМ ва шаҳрдорӣ маблағи ҳангуфт тақозо кардан лозим нест. Бояд қарори оқилона бошад ва барои чунин будани он, тафтишоти ҳамаҷониба дар маҳал зарур аст”.

Мозаикаи Шашмақом
Сурат: Asia-Plus

Ба эътиқоди ӯ, аз лиҳози асоснокӣ интиқоли мозаика кори душвор, вале иҷрошаванда аст. Барқарорсозон бодиққат андозагирӣ карда, сохторро пурра месанҷанд ва ҳар як тарқишро ба таври визуалӣ санҷидаву тамоми ҷузъиётро сабт мекунанд.

Монанди барқарорсозии расмҳои вайроншуда, ки дар он ҳар як ришта барқарор карда мешавад, интиқоли мозаика низ муносибати хеле эҳтиёткорона ва таваҷҷуҳи бештарро талаб мекунад, махсусан ба қисматҳои ёридиҳандаи таъминкунандаи интиқоли он ба ҷои нав.

Ба гуфтаи муовини Рикшин, меъмор аз Сербия Александр Йованович, ки ӯ низ дар кори ҳифзи мозаика иштирок мекунад, даъвати коршиносони хориҷӣ ва ҳифзи “Шашмақом” барои пойтахти Тоҷикистон, ки қаблан чунин тарҳҳоро амалӣ накардааст, як қадами муҳиме ба пеш аст.

Ин раванд тасмимҳои коршиносон ва ҷалби тамоми неруҳои меъмориву барқарорсозии шаҳр ва як гурӯҳи байналмилалии мутахассисонро тақозо менамояд.

Андрей Рикшин ва муовини ӯ - муҳандис ва меъмор аз Сербия Алеександр Йованович

«Қисмати муҳими ин раванд омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ мебошад. Даъвати коршиносони хориҷии аллакай дар чунин лоиҳаҳо таҷрибадошта ба барқарорсозони маҳаллӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадамро барои истифодаи оянда омӯзанд ва мутобиқ созанд. Ин табодули таҷриба заминаи дониш ва малакаҳои заруриро барои татбиқи муваффақонаи чунин ташаббусҳо дар оянда ба вуҷуд меорад”, - зикр мекунад меъмори серб.

Тибқи арзёбии коршиносон, бо вуҷуди тақрибан 50 сол боз дар Душанбеи офтобӣ "зиндагӣ кардан", мозаикаи тоҷикӣ ба сурати умум дар ҳолати хуб қарор дорад. Ба вайрон шудани он то андозае обе, ки пештар аз рӯи мозаика мерехт, таъсир расонд. Аммо арзёбии пешакӣ нишон медиҳад, ки зиёни мавҷуда ночиз буда, барқарорсозии он комилан имконпазир аст.

Оғози марҳалаи нави рушди Душанбе?

Раҳбарияти ТГЭМ муътақид аст, ки мозаикаи “Шашмақом” ба зудӣ тарҳи нав ба бар карда, идомаи достонеро хоҳем дид, ки ҳанӯз дар соли 1976 бо дидгоҳи ҳунарии Асрор Аминҷонов оғоз шуда буд.

Фақат иловаи як чиз боқӣ мондааст: ташаббуси мақомоти пойтахт ва ширкати бинокор барои ҳифзи мозаикаи пурарзиш метавонад оғози марҳалаи нави таърихи муосири пойтахти Тоҷикистон гардад, дар ҳоле ки рушди муосири шаҳр нигахдории мероси мадании онро истисно намекунад.

Умедворем, ки ҳамин тавр ҳам мешавад!

МАЪЛУМОТНОМАИ “Азия-Плюс”:

Корномаи А. Е. Рикшин ва баъзе лоиҳаҳои ӯ оид ба барқарорсозии иншооти мероси фарҳангӣ (ИМФ):

Солҳои 1998 – 2000: роҳбари лоиҳа дар ташкилоти лоиҳакашии Олмон:

Лоиҳакашӣ ва иҷрои таносуби ҳифзи мустаҳками заминавӣ ва барқарорсозии шаҳрҳои асри XIII-XVIII аз обхезӣ, Вюртхи назди Майн, Клингенберги назди Майн;

Соли 2000 то ҳозир: ҳаммуассис-шарики BUSL.ppm, Мюнхен, Ҷумҳурии Федералии Олмон:

Барқарорсозии ИМФ «Командный корпус казарм Принца Леопольда»;

Барқарор бо мутобиқсозӣ барои ҷойгир кардани Намоишгоҳи барҷастаи электромобилҳои CUPRA дар маркази таърихии ш.Мюнхен бо суроғаи Одеонсплатс 1

Консепсияи барқарорсозӣ бо мутобиқати Казинои афсарӣ дар наздикии шаҳри Берлин, Фюрстенвалд;

Солҳои 2009 – 2011: Сармуҳосиби лоиҳаҳо ва муовини директори генералии лоиҳаҳои пажуҳишгоҳи КФВД «СЕЦПРОЕКТРЕСТАВРАЦИЯ»:

Таҳия ва табиқи чорабиниҳои аввалиндараҷаи зиддисадамавӣ ва муҳофизатӣ оид ба ИМФ «Воскресенский Ново-Иерусалимский монастырь»;

Таҳия ва татбиқи чорабиниҳои аввалиндараҷаи зиддисадамавӣ ва муҳофизатӣ оид ба ИМФ «Музей-усадьба «Останкино»;

Барқарорсозии маҷмӯавӣ ва нигаҳдории иншооту қаламрави ИМФ «Рязанский кремль»;

Лоиҳаи навсозии ИМФ «Арбитражный суд Волго-Вятского округа (Бинои Думаи шаҳрӣ дар Нижний Новгород)»;

Тарҳи навсозӣ бо ҳифзи симои таърихии бинои КФВД «Политехнический музей»;

Солҳои 2011 – 2014: Сармуҳандиси пажуҳишгоҳи КВД МНИИТЭП:

Лоиҳаи барқарорсозии Мероси меъмории «Здание комбината газеты „Правда“»;

Барқарорсозии ИМФ «Лютеранская кирха св. Петра и Павла в Москве»;

Лоиҳаи барқарорсозии ИМФ «Старообрядческий богословско-учительский институт», ҳозир мактаби № 459;

Солҳои 2014 – 2018: роҳбар ва шарики Устохона (Мастерская)-и комплексии лоиҳакашӣ ва барқарорсозии Архикад (Проектно-Реставрационная комплексная мастерская Архикад:

Навсозии Гӯшаи (Павилйон)-и №57 (Саноати сабук) барои мутобиқсозии Боғи мултимедиавии таърихии «Россия - моя история», ВДНХ;

Барқарорсозии ИМФ «Павильон «Космос» бо мутобиқсозӣ ба Маркази «Авиатсия ва кайҳон», ВДНХ, (дар ҳамдастӣ бо МВ-Проект);

Соли 2016 - то ҳозир: Сармуҳандиси идораи лоиҳакашии МВ-Проект:

Навсозии ИМФ «Городская усадьба - дом Бобринских»;

Барқароркунӣ ва мутобиқсозии ИМФ «Театр на Малой Бронной»;

Барқароркунӣ, навсозӣ ва эҳёи Қисмати шимолии ИМФ «Усадьба Цуриковых»;

Барқарорсозии ИМФ «Московский драмтеатр им. М.Н. Ермоловой»;

Барқарорсозии ИМФ «Церковь Рождества Пресвятой Богородицы на Кулишках»;

Барқарорсозии ИМФ «Театр у Никитских Ворот»;

Лоиҳаи қисман навсозии ИМФ «Российская государственная библиотека (им.Ленина)».

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.