Пас аз ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми 22-юми март ва боздошти чор гумонбар, ки аз онҳо мақомоти Русия чун шаҳрвандони Тоҷикистон ном мебарад, бегонаситезӣ ва фишорҳо ба тоҷикони муқими ин кишвар зиёд шудааст.

Расонаҳо дар бораи даҳҳо ҳолати поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ва таҳдиду таҳқири онҳо хабар медиҳанд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам аз муҳоҷирон хост, ки аз ҳузур дар ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд ва шабҳо беҳуда ба кӯча набароянд.

Дар робита ба ин, мо аз сокинони пойтахт, ки наздиконашон дар Русия қарор доранд, пурсидем: “Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” то куҷо вазъи муҳоҷиронро тағйир додааст?”

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.