Аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон рӯзона обуҳавои гарми бидуни боришот пешгӯӣ мешавад. Лекин шабона ва субҳгоҳон дар баъзе минтақаҳо дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар кӯҳҳо эҳтимоли боридани барф вуҷуд дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ин моҳ обуҳаво чӣ гуна мешавад?

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, моҳи апрел дар Тоҷикистон обуҳавои маъмулии абрноки баҳорӣ дар назар буда, ҳарорат баъзан начандон зиёд тағйир меёбад.

Вилояти Хатлон

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2º баландтар  пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 15+19º гармиро ташкил медиҳад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳои НТҶ 54-73 мм, дар водиҳои вилояти Хатлон 14-58 мм, ноҳияҳои доманакӯҳӣ 98-135 мм).

Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 17-22м/с аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2º баландтар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 21+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 8+13º гармиро ташкил медиҳад.

Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 6+11º гарм то 12+17º гарм, рӯзона аз 18+23º гарм то 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º то 6+11º гарм, рӯзона аз 11+16º гарм то 20+25º гарм дар назар дошта шудааст.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 17-33 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 45-58 мм).

Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22м/с аз эҳтимол дур нест.

Минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2º баландтар пешгӯӣ шуда, 13+18º гармиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 3+8º гарм то 8+13º гарм, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда то -2º хунук, рӯзона аз 12+17º гарм то 20+25º гарм мешавад.


Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ 59-106 мм, дар ғарби ВМКБ 28-53 мм,).

Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо ба амал омадани боришот (борон, барф)-и шиддатнокиашон гуногун дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Давоми моҳ рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22м/с пешгӯӣ мешавад.

Шарқи ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1º баландтар пешгӯӣ шуда, 2+6º гармиро ташкил медиҳад.

Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 10-15º хунук то 2-7º хунук, рӯзона аз -2+3º то 7+12º гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр: 12-21 мм).

Дар давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо ба амал омадани боришот (борон, барф)-и шиддатнокиашон гуногун дар назар буда, дар рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 м/с пешгӯӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.