Амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” (вилояти Маскав) рӯзи 22 март рух дод. Бар асари ин ҳамлаи даҳшатнок 243 нафар ҳалок ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “ДОИШ Вилояти Хуросон” ба дӯш гирифт. Миёни гумонбарон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд.

Дарҳол пас аз огаҳии ҷомеа аз ин, дар ВАО доир ба таъқибу фишор нисбат ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон матлабҳо нашр мешаванд.

“Духтарам мактаб рафтан нахост”

"Вазъи маънавии муҳоҷирони мо чандон хуб нест, зеро ҳозир онҳоро кормандони пулис сари ҳар қадам бозпурсӣ мекунанд. Як нигоҳи нафратовар кофист, то ки худро нороҳат ҳис кунӣ. Дидан ва таҳаммул кардани ин ҳама хеле дардовар ва таассуфангез аст", - мегӯяд Махфирати 37-сола, ки беш аз 14 сол боз дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Ба гуфтаи вай, пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии "Крокус Сити Холл" дар Маскав, санҷишҳои муҳоҷирон, бахусус шаҳрванди Тоҷикистон сахттар шудааст.

Сурат: tsargead.tv

Махфират бо фарзандон ва шавҳараш дар истгоҳи метрои Солнтсево зиндагӣ мекунад. Ду рӯз пеш нозири минтақавии пулис ба хонаи онҳо омада ҳушдор додааст, ки дарро ба бегонагон боз накунанд, ҳарчанд хуб медонад, ки ин оила шаҳрвандии Русия низ дорад.

Ба гуфтаи зан, онҳо ҳоло метарсанд, ки кӯча раванд ва танҳо агар ниҳоят зарур бошад, ба берун мебароянд. Дар кӯча онҳо аллакай нигоҳҳои хашмгину ғазаболуди роҳгузаронро мушоҳида мекунанд.

"Мо низ ғамгинем ва дарк мекунем, ки паси сар кардани чунин ғаму андӯҳ то чӣ андоза душвор аст, зеро дар ин ҳамлаи даҳшатноки террористӣ чанд нафар бегуноҳ кушта ва захмӣ шуданд, аммо на ҳама тоҷикистониён дар ин амал гунаҳкоранд", - мегӯяд ӯ.

"Мо аз кӯдакон дар хавотирем, ки дар мактаб онҳоро таҳқир мекунанд. Духтари ман пас аз ин ҳодиса ба мактаб рафтан нахост, аммо мо ӯро аз лиҳози маънавӣ омода карда, фаҳмондем, ки террористон на миллат доранду на давлат. Бовар кунед, вақте ки фарзанди шумо аз тарс ба мактаб рафтан намехоҳад ва шумо намедонед, ки чӣ гуна ба ӯ кумак кунед, хеле душвор аст", - зикр мекунад Махфират.

Зан мефаҳмад, ки дар доираи маъракаи таъмини амният баргузории рейдҳо дар маҳалҳои будубоши муҳоҷирон зарур аст, аммо мутмаин аст, ки ҳуқуқҳои онҳоро поймол кардан мумкин нест, масалан, бо муносибати дағалона.

"Аз чеҳраҳои ноумедшудаи муҳоҷирон ва баъзе беэҳтиромӣ ба онҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, дили ҳар як шахс мемонад", - илова кард Махфират.

Фарзандонам иҷоза намедиҳанд, ки ба кор равам

Ҳамсуҳбати дигари "Азия-Плюс", ки 8 сол боз бо оилааш дар ноҳияи Бутовои Маскав зиндагӣ мекунад, беш аз як ҳафта боз ба кор набаромадааст. Инро ба ӯ фарзандонаш, ки дар Амрико зиндагӣ мекунанд, иҷоза надодаанд.

"Дар суҳбатҳо бо фарзандонамон мо – оилаи ман - ҳамеша дар бораи вазъи осоишта ва хуб нисбат ба тоҷикон ва халқҳои Осиё ҳарф мезанем ва маълумоти дигареро дар бораи дар ҳар қадам санҷидану шиканҷа кардани тоҷикон намегӯем, то онҳо хавотир нашаванд. Ман инчунин ба онҳо мегӯям, ки санҷишҳои пас аз ҳамлаи террористӣ чизи муқаррарӣ буда, боиси ҳеҷ нигароние нест", - мегӯяд Далер.

Аммо дар асл, ба гуфтаи ӯ, вазъ шиддатнок аст. Бо ӯ шиносҳо тамос гирифта, гуфтаанд, ки гурӯҳи муҳоҷирони машғули кор дар сохтмонро бо вуҷуди дуруст будани ҳамаи ҳуҷҷатҳояшон, танҳо барои тоҷику ӯзбек буданашон аз кор озод кардаанд.

"Мо набояд ба эҳсосот дода шавем, зеро ин амалҳо муваққатӣ мебошанд. Аммо ба дигар тоҷикон нисбат додани ин ҳамла кори хуб нест. Ҳамаи инро бо сухан гуфтан ғайриимкон аст. Аммо ҷазо додани шаҳрвандони мо, яъне аз кор озоду ихроҷ кардан наметавонад роҳи ҳалли мушкилот бошад. Вазъият пуршиддат буда, дили ман ба муҳоҷирони тоҷик месӯзад, ки мушкилоташон боз дубора зиёд шуд", - мегӯяд мард.

Сурат аз rg.ru

Оилаи Далер шаҳрвандии Русия надоранд, бинобар ин, фарзандонаш ба волидон пешниҳод карданд, ки ба ватан баргарданд ва ҳоло дар Тоҷикистон барои онҳо манзил меҷӯянд.

"Баъди ҳамлаи террористӣ ҳар рӯз аз боздошт ё ихроҷи касе хабар медиҳанд"

Боз як ҳамсуҳбати "Азия-Плюс" Нозанин беш аз 24 сол дар Русия кор мекунад ва дар тӯли ин солҳо ӯ бори аввал дар фикри тарки ин кишвар аст.

"Пас аз ҳамлаи террористӣ ҳар рӯз аз боздошти касе, ихроҷи дигаре барои набудани ҳуҷҷатҳо, аз кор озод кардани нафари сеюм ва кор пайдо карда натавонистани боз як гурӯҳе барои тоҷик буданашон хабар мешунавем", - мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Нозанин, ҳатто муносибати ҳамсояҳое, ки бо онҳо зиёда аз 20 сол паҳлӯи ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, низ тағйир ёфтааст.

"Агар мо ба лифт ворид шавем, бо мо намераванд, салом намегӯянд, гӯиё шумо умуман набошед ва шуморо тамоман намешиносанд. Албатта, на ҳама чунин рафтор мекунанд, аммо ба ҳар ҳол... Шахсан ман наметавонам ба ин гуна рафтор тоқат кунам, ин барои ман мушкил ва дардовар аст", - зикр мекунад зан.

Нозанин аз ҳамсар ва писараш хоҳиш кардааст, ки муваққатан ба кор нараванд. Худи ӯ ҳар рӯз ба кор мебарояд. Тавре ки ӯ мушоҳида кардааст, маъмулан бештар мардон аз чунин вазъиятҳо азият мекашанд.

“Аксар вақт дар метро ва нақлиёти ҷамъиятӣ бад нигоҳ карда, носазо мегӯянд. Ҳамчун модар, дили ман барои ҷавононе месӯзад, ки ба чунин ҳолатҳо дучор мешаванд. Лекин мо дигар илоҷ ҳам надорем...”, - илова кард ӯ.

Қаблан роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ба ҳамватанони худ тавсия доданд, ки шомгоҳон пас аз кор аз хонаҳояшон берун нараванд ва дар чорабиниҳои оммавӣ иштирок накунанд.

Ғайр аз ин, бархе аз корфармоён аз коргарони худ аз Тоҷикистон хостаанд, ки маълумоти феълии шахсии худро пешниҳод кунанд: ному насаб (ФИО), тафсилоти шиноснома ва маълумот дар бораи маҳалли зист.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.