Имсол аз таъсиси пойтахти Тоҷикистон 100 сол пур мешавад. Ба ифтихори Рӯзи пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалӣ доир мегардад.

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе, ба муносибати «Рӯзи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе» рӯзи 20 апрел дар пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе баргузор мешавад.

Дар ниммарафон аз иштироки намояндагони Қазоқистону Ӯзбекистон ва Эфиопия, инчунин варзишгарони касбӣ аз Тоҷикистон интизорӣ меравад. Соли 2013 Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии Ассотсиатсияи байнулмилалии варзиши сабук (IAAF) дохил шуд.

Масофаи ниммарафон 21 километру 97,5 метрро ташкил медиҳад.

Дар Ниммарафони XIII байнулмилалии Душанбе, ки 15 апрели соли 2023 доир гардид, варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои ҳамкори тиҷоративу иқтисодӣ бо Душанбе, намояндагон Аврупову Амрико ва Африқову Осиё ширкат варзиданд.

Соли гузашта ғолибони ниммарафони байнулмилалӣ бо 39 ҳазору 200 сомонӣ, зинаҳои 2-юм - 33 ҳазору 600 сомонӣ, 3-юм - 28 ҳазор сомонӣ, 4-ум - 22 ҳазору 400 сомонӣ, 5-ум - 20 ҳазору 160 сомонӣ ва 6-ум - 16 ҳазору 800 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуда буданд.

Дар қарори шаҳрдори Душанбе гуфта мешавад, барои ташкили ин чорабинӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 546 ҳазору 860 сомонӣ ҷудо мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Ниммарафони якуми байнулмилалии Душанбе ба масофаи 21 км 97,5 м соли 2010 доир гардид. Рӯзи пойтахт дар Душанбе маъмулан рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад.

Қобили зикр аст, ки ба ифтихори Рӯзи пойтахт дар баробари ниммарафон ҳамчунин дигар чорабиниҳо аз қабили мусобиқаҳои варзишӣ,, барномаҳои фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин озмунҳо гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.