Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Душанбе ташриф меорад. Сафари ӯ ба ҷумҳурӣ рӯзи 4 апрел дар назар аст.

Дар ин бора дар шабакаи Телеграми шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ хабар дода мешавад. Дар доираи сафар дидору гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст, ки дар ҷараёни онҳо муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо дар самтҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон оғоз мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Сурат аз orient.tm

Маросими расмии ифтитоҳ ва консерти ҳунармандони Туркманистон имрӯз, 3 апрел дар Театри давлати академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соати 16:00 оғоз мегардад.

Хор таҳти раҳбарии сархормейстери Театри опера ва балет Елена Тиллоева, солистҳо Манучеҳр Раҳмонов ва Достон Холов, инчуни ансамблҳо аз Туркманистон табъи тамошобинонро болида месозанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин рӯзҳо 4 апрел дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон соати 10:00 намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон ифтитоҳ мешавад.

Дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон ҳамин рӯз, 4 апрел дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» барномаи муштараки консертии устодони санъати Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад.

Иштирокчиёни ин рӯзҳо 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.