Имсол иди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел муайян шуд. Намози ид дар масҷидҳои ҷомеъи кишвар соати 6:30 баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон  гирифта шудааст ва пагоҳ дар намози ҷумъа, дар ҳама масоҷид, расман эълон мешавад.

Тибқи қарори Шӯрои уламо, ки қаблан интишор шуда буд, имсол фитри рӯза 7 сомонӣ, нисоби закот аз 35 ҳазору 275 сомонӣ, ки аз ин маблағ 880 сомонӣ закот пардохт мешавад ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шаёхи фонӣ ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд) ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 14 сомонӣ) муайян гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.