Пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл”-и Русия овозаҳое пайдо шуданд, ки равуои қатораҳо байни Тоҷикистон ва Русия қатъ шудааст.

Аммо дар Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ин маълумотро рад карда, изҳор намуданд, ки равуои қатораҳо ба Русия идома дорад.

Дар як ҳафта ду маротиба қатораҳо ба шаҳри Волгоград раҳсипор мешаванд. Қатораҳо рӯзи сешанбе ва шанбе бо хатсайрҳои Душанбе-Волгоград-Душанбе ва Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд ба сафар мебароянд.

Вақти сафар вобаста ба нуқтаи таъинот аз 2,5 то 3,5 соатро дар бар мегирад.

Маълумоти муфассал дар бораи ҷадвали сафари қатораҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Ёдрас мекунем, ки равуои қатораҳои мусофирбар аз Тоҷикистон ба Русия пас аз танаффуси зиёда аз дусола аз 30 августи соли 2022 барқарор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.