Мақомоти шаҳри Маскав ба мусулмонон тавсия доданд, ки рӯзи анҷоми моҳи шарифи Рамазон “намози идро дар хона гузоранд. Дар ин бора шабакаи Telegram-и «Осторожно, новости» ва Газета.ру хабар медиҳанд.

Ин расонаҳо ба санадаи Департаменти сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав, ки дар ихтиёр доштаанд, истинод овардаанд.

Департамент ба сохторҳои шаҳр мактуб фиристода, дархост намудааст, ки маълумот дар бораи маҳдудиятҳои амалкунанда дар вақти ҷашни идро ба мусулмонон расонанд.

Дархост намудаанд, ки аз ҷумла тариқи корфармоён дар бораи пахшҳои онлайнии ибодатҳо маълумот расонида шавад. Хоҳиш шудааст, ки ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.

Намояндагони дафтари матбуоти департамент ба “Осторожно, новости” гуфтаанд, ки тавсияҳо ба амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” вобастаанд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта намози Иди Рамазон дар 6 майдони шаҳри Маскав баргузор шуда буд.

Моҳи Рамазони имсол аз 11 март оғоз шуда, Иди Рамазон ба 10 апрел рост меояд. Имрӯз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ санаи дақиқи ҷашни Иди Рамазонро муайян мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.