Рӯзи 15-уми апрел даҳҳо пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва донишҷӯёну хонандагон ҷамъ омаданд, то зодрӯзи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷикро таҷлил кунанд.
Ин чорабинӣ дар оромгоҳи устод Айнӣ дар Душанбе баргузор шуд ва перомуни корномаи сиёсиву илмиву адабии мавсуф ҳарф заданд.
Ҷамъомади ин гурӯҳи устодону донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таърихи 25 сола дорад. Ин ҷамъ ҳар сол рӯзи 15-уми апрел ба оромгоҳи Садриддин Айнӣ меоянд ва аз хидматҳои мавсуф ҳарф мезананд.
Дар ин ҷамъомад муҳаққиқон аз нақши боризи Садриддин Айнӣ дар таърихи сиёсиву илмиву адабии Тоҷикистон ҳарф зада ва ҳамзамон пешниҳод карданд, ки бигзор 15-уми апрел Рӯзи Айнӣ бошад ва ин рӯз дар саросари Тоҷикистон таҷлил шавад.
Бояд гуфт, ки Садриддин Айнӣ яке аз барҷастатарин шахсиятҳои халқи тоҷик маҳсуб мешавад ва нақши варо дар заминагузории давлати Тоҷикистони шӯравӣ басо муҳим мешуморанд.
Осори илмиву адабии Садриддин Айниро натанҳо муаррифгар, балки шаҳодатномаи халқи тоҷик медонанд. Ӯ яке аз виҷдонҳои бедори халқ дониста мешавад, ки умри хешро сарфи хидмат ба халқу ватан карда ва аз худ осори илмиву адабии ғанӣ ба мерос гузоштааст.
Дастандаркорон баргузории ин ҷамъомадро дар оромгоҳи Садриддин Айнӣ рамзӣ медоданд ва бар ин боваранд, ки он ҳам дарси таълимӣ ва ҳам тарбивӣ мешавад. Ширкаткунандагон низ бар ҳамин назаранд.
Имсол аз мавлуди Садриддин Айнӣ 146 сол мегузарад. Мавсуф 15-уми апрели соли 1878 дар Бухоро ба дунё омада, таълими анъанавии динӣ гирифт ва дар рушди адабиёти навини тоҷик нақши калидӣ гузошт. Умрашро ҷиҳати пешрафти забон ва фарҳанги тоҷикӣ сарф кард ва 15-уми июл соли 1954 ин чеҳраи сиёсиву илмиву адабии тоҷик дар Душанбе аз олам даргузашт.
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста