Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори саршиноси кишвар, ки имрӯз, 2-юми май дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт, дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан ба хок супориданд. Дар ин бора Наргис Султонзода, сухангӯи ҳукумати Истаравшан ба “Азия- плюс” иттилоъ дод.

Сабаби марги марҳум, беморие будааст, ки солҳои охир дар он ранҷ мекашид.

Дар маросими дафни ӯ, Атҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан, Зиннатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дигар шахсони расмиву рӯзноманигорон ширкат доштанд.

Сайфулло Маҳкамов барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2022 аст. Ӯ аз соли 1976 аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1993 узви конфедератсияи байналхалқии журналистон буд.

Сайфулло Маҳкамов
Акс аз Зинатулло Исмоилов

Номбурда аз соли 1994 то 2000-ум депутати Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Уротеппа (Истаравшани ҳозира), аз соли 2000 то 2005 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан буд.

Сайфулло Маҳкамов ба кори нависандагӣ ҳам даст задааст. Вай муаллифи 32 китобу очерк дар мавзуҳои мухталиф аст. «Сарбози Инқилоб», «Бӯи хун», «Фидоӣ», «Фарзанди Истаравшан», «Хишти аввал», «Сарчашмаи зиндагӣ», «Саҳифаҳои нонавишта аз таърихи Ӯротеппа” ва ғайраҳо аз ҷумлаи осори ӯ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.